Ғуломҳайдар Искандаров, донишҷӯи 75-солаи тоҷик, ки барои гирифтани маълумоти 8-ум имсол ба ихтисоси географ ва демографи факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохрта ба номи Носири Хусрав дохил шуд, бо ғайратмандӣ, шавқи илмомӯзӣ ва серталабии худ устодону ҳамсабақони ҷавонашро дар ҳайрат гузошт. 

Бобои Ғуломҳайдар, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Дӯстӣ аст. Баъди 24 соли фаъолияти агрономӣ ӯ дар МТМУ№30-и зодгоҳаш омӯзгор шуда ба хонандагори синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯяд. Бобои Ғуломҳайдар шояд ягона нафаре дар Тоҷикистон бошад, ки дипломи ҳафт муассисаи таълимӣ – коллеҷи кишоварзӣ, коллеҷи технологӣ, омӯзишгоҳи ҳарбӣ, техникуми кишоварзӣ, коллеҷи омӯзгорӣ, факултети филологияи тоҷик, ба ихтисоси забони русии факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Бохта ба номи Носири Хусравро дорад. Ба ин нигоҳ накарда, имсол бобои Ғуломҳайдар ҳуҷҷатҳояшро ба ихтисоси географ ва демографи факултети химия ва биология супурд. Ӯ аввалин ва ягона нафарест, ки дар синни бознишастагӣ дар ДДБ ба номи Носири Хусрав таҳсил дорад.

Аз ин рӯ, ба бобои Ғуломҳайдар раёсати донишгоҳ имтиёз додааст, ки тибқи он ӯ танҳо 50%-и маблағи шартномаи таҳсилро пардохт мекунад.

 – Боре аз оинаи нилгун марди 74-солаи русеро нишон доданд, ки маълумоти 6-умашро мегирифт, – мегӯяд бобои Ғуломҳайдар. – Худ ба худ гуфтам, ки мо – тоҷикон низ дар ин синну сол метавонем ба донишгоҳ дохил шуда, онро ба итмом расонем. Хондан ҳеҷ гоҳ дер намешавад. Бо ин мақсад ба Донишгоҳи давлатии Бохтар дохил шудам. Инак, ҳоло дар курси сеюми ихтисоси географ ва демографи факултети химия ва биология таҳсил дорам.

Ин донишҷӯи 75-сола дар идома суҳбат гуфт, ки дар замони ҷавониаш аз шароит ва имконияти идомаи таҳсил дар донишгоҳ бархӯрдор набуд. «Фарзандонро калон кардем, масъулияти падариро иҷро намудам. Акнун фурсат барои такмили худ фаро расид. Пас аз реҳлати ҳамсарам, ки муттакои ман буд, қарор додам, ки дар донишгоҳ таҳсил мекунам. Дар баробари кори мактаб соле ду маротиба ба донишгоҳ омада, дар бахши ғоибона таҳсил мекунам. Маълумоти олидор шуданам ба замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рост омад, ки аз ин шукрона мекунам», – афзуд Ғ. Искандаров.

 

– Ҳоло ҷавонон, донишҷӯён шояд кам китоб хонанд, – мегӯяд донишҷӯи 75-сола. – Дар замони шӯравӣ китобхонӣ зиёд буд. Шояд ҳамон таҳкурсӣ аст, ки ҳоло дар таҳсил мушкил надорам. Мехоҳам, ки донишҷӯён ва ҳамкурсонам низ фаъолу донишманд бошанд. Устодон бо ман муносибати хуб доранд. Ҳарчанд маро «бобо» гӯянд ҳам, вале дар вақти санҷишу имтиҳон бо ман баробар бо донишҷӯён муносибат мекунанд. Санҷишу имтиҳонҳоямро сари вақт месупорам, зеро худ шавқи омӯхтан дорам.

Маркази таҳлилӣ – иттилоотии ДДБ