Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омадааст, ки волидон донишандӯзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълиму тарбия назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълиму тарбияи фарзанд ҳамкорӣ намоянд.

 Тарбия аз оила маншаъ мегирад ва нақши оила дар тарбияи фарзанд хеле калон ва муҳим аст. Падару модаронро лозим аст, ки пайваста дар тарбияи фарзандон кӯшиш намуда, ба он ҷиддӣ машғул шаванд. Зеро фарзандро меваи умри инсон гуфтаанд. Дар ҳикояе омадааст: Соҳиби «Равзаи хулд» мавлоно Маҷдуддини Хофӣ мегӯяд, рӯзе дар шаҳри Язд вазъ мегуфтанд ва дар ҳаққи падару модар сухан мерафт. Пире бархосту гирён шуд ва гуфт:

– Мавлоно, чӣ мефармоӣ дар ҳаққи фарзанде, ки риши падар бигираду чӯб бар сари падар бизанад?

Гуфтам:

– Аз падар чӣ омӯхтааст?

Гуфт:

– Хар ба кироя додан.

Гуфтам:

– Ҷурм (гуноҳ) аввал аз тарафи падар аст. Агар ӯро дар хурдӣ ба мактаб мефиристодӣ, то илму адаби шариат меомӯхт ва суҳбат бо солеҳон медошт, бо падар ин беҳурматӣ намекард ва таъзими падар воҷиб медошт.

Аммо аз кӯдакӣ думӣ хар гирифтан одат карда буд ва чӯб задан хӯ карда. Лоҷарам (ноилоҷ) риши падар, ки гирифтааст, пиндоштааст, ки думи хар мегирад ва чӯбе ба сари падар задаст, пиндоштааст, ки ба сари хар мезанад.

Воқеан, тарбияи нодурусти кӯдак дар хӯрдсолӣ ҷурми падару модар аст. Дар аввал падару модар бояд кӯдакро аз дурӯғгӯӣ, дуздӣ ва дигар одатҳои бад эмин нигаҳ дорад.

Пеш аз ҳама, бояд худи волидайн дар канор бошанд, то ки ибрати фарзандони хеш гарданд.

Дар ҳикояте хондаам, ки бачаи тухмдузд оқибат шутурдузд шудаву ба маҳкама меафтад. Ҳангоме, ки ҳукми буридани дасташро мебароранд, мегӯяд: -Дасти модари маро бибуред, зеро чун тухмҳои дуздидаи маро дар хурдиам мегирифт, сано мегуфт ва маро ба ин роҳ дилгарм месохт.

Бештар падару модарон бо баҳонаи вазъи душвори зиндагӣ сади роҳи илмомӯзӣ ва ҳунаромӯзии фарзандони хеш мегарданд ва онҳоро ба корҳои ғайр сафарбар мекунанд, ки ин беаҳмиятӣ натиҷаи хуб ба бор намеорад, баръакс кӯдакро маҷбур месозад, ки ба корҳои номатлуб даст зананд. Бархе аз падару модарон таълиму тарбияи фарзандонашонро ба дӯши мактаб бор мекунанд ва то ба он дараҷае бемасъулият ҳастанд, ки боре ҳам барои шинос шудан бо вазъи таҳсили фарзандашон ба мактаб намеоянд. Чунин бемасъулиятӣ кӯдакро нисбат ба падару модар бе меҳру шафқат мегардонад.

 

Иқболшоҳ АЛИМОВ,

доншҷӯи курси 4-уми факултети математика – инфарматика