Фарҳанг бешубҳа ифодагари руҳӣ миллӣ, расму русум, анъана ва хотираи ҳар халқу миллат мебошад. Фарҳанг доманаи густурда дорад ва дар ҳама замонҳо рисолати созандагии миллатҳою халқҳоро дорост. Ҷомеаҳое, ки такя ба фарҳанг доранд, дар арсаи ҳама талошҳо муваффақанд. Мо ин гуфтаҳоро дар ҳаёти кишварҳои абарқудрати имрӯза дида метавонем, ки давоми садсолаҳо бо гиромидошти фарҳанг ва тақвияти ҷабҳаҳои фарҳангӣ тавонистаанд, дар арсаи ҷаҳонӣ нуфузу эътибор пайдо кунанд. Имрӯз он кишвари абарқудратеро наметавон дарёфт, ки бидуни ҷилои фарҳанги аҷдодиву мулкии худ арзи ҳастӣ дошта бошад.

 

Боиси фараҳмандию қаноатмандист, ки давлату ҳукумати кишварамон ин ҷиҳати ҳассосро ба хубӣ дарк кардааст.

 

Алалхусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун раҳнамо бо қадрдонии фарҳанги миллату халқи худ дар роҳи эъмори кишваре, ки метавонад бақои устувор дошта бошад, қадамҳои устувори худро гузоштааст. Пешвои муаззами миллат тавонист, ки мо тоҷиконро чун соҳиби фарҳанги воло дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.

 

Фарҳанг барои миллати тоҷик сулҳро асос гузошт ва ҳамин аст, ки он барои миллати тоҷик чун ганҷи муққадас бебаҳост. Дар ваҳдати миллати тоҷик на молу амвол, на тиру туфанг ва на таҳдиду фишор, балки фарҳанг нақш дошт. Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин паҳлуҳои давлатсозиву таҳкимбахшии миллатро дарк намуда, иброз доштааст: ки «Фарҳанг ҳастии миллат аст». Ҳамин аст, ки бо ин фарҳанг давлат бунёд кард, сулҳ офарид, ваҳдати миллатро таъмин кард ва баъд аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон аз нав бо ин фарҳанг халқи тоҷикро неруву тавони дубора бахшид.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат, кори давлатдории худро бо фарҳанг оғоз кард. Далели ин гуфтаҳо соли 1999 дар пойтахти кишварамон қомат афрохтани пайкараи поягузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ буд, ки ин аз барқарор кардани фарҳанги таърихии миллати мо шаҳодат медиҳад. Ин иқдом яке аз омили бузурги баланд бардоштани маънавиёти миллат маҳсуб меёбад. Исмоили Сомонӣ бо фарҳанги баланди худ аввалин давлати тоҷиконро сохта буд, ки ҳанӯз ҳазор сол қабл намуна барои дигарон дониста мешуд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори аввалин асосгузори давлати тоҷикон аст, ки тавонист ин миллатро дар партави фарҳанги волояш аз парокандагӣ наҷот бахшад.

 

Метавон иброз дошт, ки ин ҳама арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ аз хидматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Ин таҳаввулот ба ҳама мардуми сарбаланди кишвар умеди дубора мебахшад. Мо миллати фарҳангдӯсти тоҷик умедворем, ки сиёсати фарҳангии Пешвои муаззами миллат давлату миллат ва марзу буми моро чун сипари тавоно умри ҳазорсолаҳо мебахшад.

 

Фахриддин РАҲМОНОВ,

донишҷӯи кӯрси 4-уми факултети сиёсат ва идораи давлатӣ