ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ ДАР ДДБ БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ

  Имрӯз 19-уми марти соли 2021 дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии хотирмон баргузор  гардид, ки дар он Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд. Нухуст, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ҳамаи меҳмонону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳро бахшида ба ҷашни Наврӯз самимона табрику муборакбод намуд. Ректори донишгоҳ қайд кард, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашни фархундаи  мардуми тоҷик буда, он зодаи хираду андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад. Наврӯз, ки таҷассумгари некиву накӯкорӣ, бахшоишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад ҳоло ба ҷашни ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст. Наврӯз риштаи ҷовидонаи пайванди инсону табиат, оғози зиндагии тоза ва бахту саодат буда, ба остонаи ҳар як хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад.  Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар зимни суханронӣ иброз доштанд, ки ҷашни Наврӯз на танҳо иди баҳор, балки тарғибгари беҳтарин суннатҳои воло ва фарҳанги ғании ниёгонамон маҳсуб мегардад. Зеро маҳз анъанаҳои ахлоқӣ ва таърихии халқ, аз ҷумла ҳикмати Наврӯз мардуми моро дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ ба ягонагӣ, ору номус ва ҳимояи Ватан ҳидоят менамояд. Сипас, Маҳмурод Раҳмонов, омӯзгори факултети филологияи тоҷик дар мавзӯи «Наврӯз ба ҳар рӯзи Ватан мемонад» баромад намуд.  Дар идомаи чорабинӣ ҷиҳати қадрдонӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявӣ бо сипосномаву ифтихорномаҳо ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд. Дар ин баробар аз ҷониби Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи кормандони…

Муфассал

АНДОЗСИТОНОНИ ҶАВОН” БАРГУЗОР ГАРДИД

Бо ибтикори кафедраи андоз ва андозбандӣ маҳфили навбатии “Андозситонони ҷавон” баргузор гардид, ки дар он Шарифхон Баротзода, сардори Раёсати илм ва инноватсия, Шодмон Бақоев, мудири кафедар, омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд. Мафили мазкур дар мавзӯи “Андоз аз молу мулки ғайриманқул” аз ҷониби Муҳаммад Наботов, Вафо Мирзоев, донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси андоз ва андозбандӣ баромад…

Муфассал

РАМЗҲОИ НАВРӮЗӢ АЗ НИГОҲИ КӮДАКОН (СУРАТГУЗОРИШ)

  Имрӯз 19-уми марти соли 2021 дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав    хонандагони литсей дар бораи Наврӯз ва рамзҳои онро тасвир намуданд.   Дар расмҳо онҳо рамзҳои наврӯзӣ, аз қабили суманак ва ҳам табиати зебову гулпӯши диёрро тасвир карданд.

Муфассал

НАВРӮЗ БА УНВОНИ ИДИ БАҲОР ВА ЭҲЁИ ТАБИАТ ДАР КУЛЛИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ҶАШН ГИРИФТА МЕШАВАД

Имсол ин ҷашни бостонии ориётаборон, ҷашни аҷдодии тоҷикон – Наврӯз бо рангу бӯйи тоза ба кишвари тоҷикон қадам гузошт. Ҷашни Наврӯз таърихи деринаи бостонӣ дошта, он аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад. Ниёгони мо ин ҷашнро аз насл ба насл, марҳала ба марҳала аввал ба таври шифоҳиву дарку фаҳмиши ботиниву зеҳнӣ ва баъд бо пайдоиши хат дар…

Муфассал