Имрӯз 5-уми апрели соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҷониби Корхонаи давлатии таъминот ва савдои китоби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш-фурӯши китобро доир намуд.

Дар миёни асарҳо мероси гаронбаҳои ниёкон девонҳои шеъри адибони классикӣ Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Соиби Табрезӣ, Абдулқодири Бедил, Сайидои Насафӣ, Нақибхон Туғрал, асарҳо ва маҷмӯаҳои ашъори намояндагони адабиёти муосири тоҷик Сотим Улуғзода, Лоиқ Шералӣ, Аскар Ҳаким мавриди шиносоӣ ва ошноӣ қарор гирифтаанд.
Дар ин намоиш-фурӯш 79 ногуйи асарҳои бадеӣ бо теъдоди зиёда аз ҳазор нусха ба маърази омӯзгорону донишӯёни донишгоҳ гузошта шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки ин намоиш-фурӯш то соати 17:00 идома мекунад.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ