Инкишофи илми компютерӣ дар тамоми дунё ба сатҳи боло рафта истодааст, чунки тамоми фаъолияти кории инсон бо илми компютерӣ алоқаманд аст. Вобаста ба ин ҳар яки моро шарт ва зарур аст, ки бо технология сару кор гирем.
Имрӯз барои омӯзгорон зарурати аз худ кардани таълим, ба монанди технологияҳои шабакавӣ, китобхонаҳои электронӣ, нармафзорҳои компютерӣ ва ғайра пеш омадааст. Довталабоне, ки тариқи ММТ дохил мешаванд ба онҳо ҳатман фанни технологияи иттилоотиро меомӯзонанд. Инкишофи технологияи муосири иттилоотонию коммуникатсионӣ азнавсозии раванди таълиму тарбияро дар заминаи истифодаи муносибати иноватсионӣ ба маориф тақозо менамояд.
Вобаста ба ин, бояд имрӯз он масъалаҳое, ки хонандагон дар ояндаи наздик иҷро намоянд, дарк гардида, барномаи таълимӣ бо назардошти онҳо сохта шаванд. Истифодаи озодонаи компютер ва техника, малакаи кор дар шабакаи Интернет ва мустақилона дарёфтани захираҳои нави маълумот- чунинанд малакаҳое, ки хонандагон имрӯз бояд аз худ намоянд, то ки дар оянда соҳибкасб гардида, дар ҷамъият тавонанд мавқеи сазоворро ишғол кунанд. Назар ба соҳаи иқтисод намуда, эҳсос мекунем, ки тамоми сохти кори иқтисодӣ аз технология вобастагӣ дорад ва барои интиқоли пулӣ, ҳисоби математикӣ зарур аст. Дар баробари ин, аз технологияи ҳозиразамон, аз ҷумла шабакаҳои компютерӣ пурра истифода бояд бурд. Рушди ҳамаҷонибаи раванди иттилоотонӣ хусусияти умумиҷаҳонӣ касб намудааст, гузариш ба тарзи нави зиндагии тавъам бо иттилоот дар назди низоми маорифи ҳамаи мамлакатҳо ҳадафи нав – омода кардани одамон ба зиндагӣ дар шароити нави ҷомеаи иттилоотиро мегузорад. Дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб ба роҳ мондани шароити технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ пеш рафта истодааст. Технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ ба тамоми самтҳои ҳаёти мо реша давондаанд.
Онҳо ба таври муттасил муҳити атрофи моро дигаргун месозанд. Масалан, чанд муддат пештар тасаввур кардан ҳам душвор буд, ки тавассути телефони ҳамроҳ, компютери портативиро бо Интернет пайваст кардан мумкин бошад. Аммо имрӯз ин амал аллакай куҳна гашта, ҳатто аз байн низ рафтааст. Яъне технологияи компютерӣ дар якҷоягӣ бо ҳам алоқамандии сахт доранд. Қайд кардан зарур аст, ки компютер ва шабакаҳои Интернетӣ барои ҳар яки мо роҳбалад мебошад. Албата ин ҳама маҳсули дасти худи инсон мебошад, ки бо мурури замон кашфиётҳо ва идеяҳои инсони дар амал татбиқ гашта истодааст.
Нуралӣ ШИРИНОВ,
омӯзгори кафедраи технологияи иттилоотӣ ва МТИ