Имрӯз 9-уми апрели соли 2021 бо ташаббуси садорати факултети физика ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо иштироки доираи васеи падару модарони донишҷӯёни курсҳои якум ва сеюм вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ декани факултет, ҷонишинҳои декан, омӯзгорон ва кураторони гурӯҳҳои академӣ иштирок намуданд.

Дар оғоз декани факултети физика Мурод Холмуродзода вобаста ба баррасии рӯзномаи ҷаласа баромад намуда, қайд кард, ки баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва таҳкими заминаи маънавии тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатноку дар рӯҳияи муҳаббат ба халқу Ватан, бунёдкорию созандагӣ тарбия намудани ҷавонон тақвияти ҳамкориҳоро бо волидону ҷомеа тақозо менамояд.

“Бинобар ин, ташкили маҷлиси волидон ва огоҳ намудани онҳо аз вазъи таълиму тарбияи фарзандаш барои беҳтаршавии вазъи мавҷуда ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии волидон нақши муассир мегузорад”, – гуфт М. Холмуродзода.

Масъалаи дигари ҷаласа натиҷагирӣ аз ҷараёни давомот ва натиҷаҳои ҷамъбасти рейтинги якуми донишҷӯён буд. Гуфта шуд, ки ҳар як донишҷӯ вазифадор аст, ки талаботи ҷориро иҷро ва барои ба даст овардани илму дониш ва азхудкунии касбияти соҳа ҷидду ҷаҳд намояд. Дар баробари ин, ба масъалаҳои риояи сару либоси тавсиявӣ ва маърифати муошират таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Пас аз саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои волидон шунида шуд.