Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии гулҳо – «Сайри гули лола» дар вилоят барпо гардид.

Маросими тантанавии ҷоизасупорӣ бо иштироки Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ва намояндагони дигар идораву ташкилотҳои вилоятӣ доир гардид.
Миёни ташкилоту идораҳои вилоят донишгоҳ дар номинатсияи «Бинои беҳтарин» – Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар озмуни ҷумҳуриявии гулҳо: “Сайри гули лола” барои соҳои 2019 – 2021 дар вилояти Хатлон, сазовори ҷойи 1-ум дониста шуда, бо Дипломи дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2019 рамзи Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо – «Сайри гули лола» барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардида буд. Рамзи мазкур аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, дар он гулҳои лола, парасту, хуршед ва рангҳои парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудаанд.