Бунёди ҳастии инсон ақлу хирад аст. Одамӣ ҳар қадар бо ақлу хирад мусаллаҳ гардад, ҳамон қадар муваффақу саодатманд хоҳад буд. Меҳвари фаъолияти кулли муассисаҳои таълимиро ақлу хирад ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зимни баргузории дарсҳо, махсусан, соатҳои тарбиявӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Муассисаҳои таълимии кишвар пайваста кӯшиш менамоянд, ки ба василаи талқини ақлу хирад насли наврасро ба ҳаёти фаъолонаву манфиати халқу миллат омода намоянд. Бешак, шахси хирадманд ба пешрафти ҷомеа, шукуфоии кишвар мусоидат мекунад. Ҳадаф аз истифодаи бавусъати усулҳои фаъолу навини таълим, технологияи пешрафтаи муосир дар муассисаҳои касбии олӣ пеш аз ҳама ба шогирдон амиқ омӯзонидани илму донишу хирад
аст.
Омӯзгоронро мебояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки аз ҳар як машғулияти онҳо хонандагон кӯлвори маънавии худро пурбортар созанд, донишашонро такмил бахшанд. Дар талқину тарғиби хирад ва ситоиши ақлу дониш, муҳимтар аз ҳама бояд аз мероси пурарзиши маънавии ниёгони барӯмандамон истифода намоянд. Бузургону мутафаккирони мо дар ин мавзӯъ ашъору осори фаровоне гуфтаанд ва ба ин васила дигаронро ба хирадмандию доништалабӣ ҳидоят намудаанд. Махсусан, Абӯшакури Балхӣ, ки яке аз шоирони тавонову волосухани адабиёти классикии тоҷик маҳсуб меёбад, хирадро мадҳ карда, чунин гуфтааст:
Хирад беҳтар аз чашму биноӣ аст,
На биноӣ, афзун зи доноӣ аст.
Хирад бод ҳамвора солори ту,
Мабод аз ҷаҳон ҷуз хирад ёри ту!
Ба монанди ин, далелҳои зиёдеро дар таъкиди манфиату бартариҳои хираду дониш дар осори бузургонамон бисёр дучор мегардем. Аз ҳамин гуна гуфтаҳои пурҳикмати бузургон дар ҷараёни дарсҳои тарбиявӣ истифода намудан аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
М. АСОЕВА, «Фурӯғ»