Пирӯзии ҳар халқу миллат маҳз аз тинҷиву осудагии он вобастагии ногусастанӣ дорад. Хақи тоҷик аз ҷумлаи халқҳое мебошад, ки аз қадим барои ваҳдат халқу миллат талошҳои зиёд намуданд. Ин хислати накуҳи халқ ва амри тақдир буд, ки барои аз вартаи нобуди баромадани миллати тоҷиқ Пешвои муаззами абармарди таърих Эмомалӣ Раҳмонро овард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо омади худ ба миллат Ваҳдатӣ комил овард, ки ин дар эҷодиёти шоири маҳбуб Лоиқ Шералӣ чунин инъикос ёфтааст.
Раҳми парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги девонавори мо бигузарад,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Оре, ваҳдат ба инсоният танҳо ҳамфикрию ягонагӣ, дӯстиву бародарӣ ва меҳру шафқат меорад. Пас, ҳамин ваҳдат аст, ки моро барои расидан ба мақсаду орзӯҳои дар пешини худ гузоштаамон сабабгор мегардад. Пас ҳамин ваҳдат аст, ки инсониятро бо ҳам мепайвандад, то дар ҳалли мушкилиҳои ҳаёт якҷоя камари ҳиммат бибандем. Вале ба даст овардани ваҳдат кори саҳл нест.
Барои ин ақли солим, донишу истеъдод ва ҷидду ҷаҳди ҷасурона лозим аст, ки дурри мақсуд, яъне дӯстиву рафоқат ягонагиву ҳамфикрӣ ба даст ояд.
Аз таърихи башарият аён аст, ки бинобар сабаби каҷравиҳою кафаҳмию ва мағрурию худписандиҳо зумраи аз шоҳон чӣ қадар шаҳрҳо валангор, чӣ қадар ободиҳо харобазор ва чӣ қадар ашхоси бегуноҳ қурбон гаштанд. Аз «Шоҳнома»- и безаволи устоди сухан – Фирдавсии Тусӣ чунин мисолҳоро хеле зиёд метавон овард, ки барои наслҳои имрӯзу фардо сабақи хуби зиндагӣ шуда метавонад.
Ваҳдат, сулҳ чӣ калимаҳои муқадасанд. Хандаи тифлону шодии модарон, тараққиёту пешравӣ ва ободии кишвар маҳз дар зери ҳамин калимаҳо ниҳонанд.
Маълум аст, ки инсоният дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш туфайли ақл, ки мӯъҷизаноктарини мӯъҷизаи олам аст, вазъияту падидаҳоеро тарҳрезӣ кардаю рӯи кор овардааст, ки онҳоро метавон ҳамчун омилҳои таъсиррасон ба ҳаёти ва рушди ҷомеа муаррифӣ кард. Чун бо инкишоф ёфтани ҷомеаи инсонӣ фазои он пуртаззод гашт, наметавон ҳамаи ин авомилро ҳамчун омилҳои инкишофдиҳанда ва созанда муаррифӣ кард. Бо мурури замон ин омилҳо характери этникию миллиро пайдо карданд ва тобиши созанда гирифтани онҳо аз рушди илму фарҳанг дар ҷомеа мушаххас вобастагӣ пайдо кард.
Ваҳдат падидаи созандаест, ки маҳсули тафаккури инсонӣ ва ақлу хиради солим буда, инъикосгари пирӯзии рушнои бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва мушахассан, пирӯзии ақл бар ҳиссиёт мебошад.
Инро мо дар мисоли сулҳу оштии миллии тоҷикон дида метавонем, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди нодир эътироф гардида, мавриди омӯзиши ниҳодҳои байналхалқӣ қарор дорад.
Ба даст овардани сулҳу салоҳ баъди воқеаҳои нангини Тоҷикистони азизамон яке аз дастовардҳои бузургтарини миллати тоҷик дар қарни ХХ – ум ба шумор меравад. Ин дастовард шояд бузургтарини дастоварди миллати тоҷик дар қарни ХХ маҳсуб меёбад. Имрӯз дар ҷаҳон бисёр миллату халқиятҳое ҳастанд, ки солҳои тӯлонӣ барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ кӯшишу талошҳои зиёде менамуданд, аммо натиҷаи дилхоҳро ба даст оварда наметавонанд.
Миллати шарафманди тоҷик бошад, баъди нобасомониҳои ҷанги таҳмилӣ дар зарфи начандон зиёд тавонист худро ҳамчун миллати фарҳангӣ ва бунёдкор нишод диҳад.
Ҳамин тавр, ҳалқаи созиш барои наздик шудани ақидаи ҷонибҳо; ифодаи манфиатҳои миллӣ; ки бо таҳкими пояҳои давлати миллӣ; ҳимояи истиқлолият ва характери демократии низоми сиёсӣ хизмат кард;
Аз баски дар анъанаҳои фарҳангии миллати тоҷик формулҳои панду ахлоқии тавсия шаванда барои пешгирии муноқишаҳо ва хархаша баҳри сулҳу салоҳ маълуму машҳур буданд, муҳаққиқон дар ин замина фикрҳои ҷолибро пешниҳод намудаанд. Масалан, профессор А. Самиев чунин ибрози ақида менамояд: «Мавҷудияти ғояи сулҳ ва ҳаёти оламӣ, ҳиссиёти дӯстӣ, инсондӯсти ва интернатсионализм аз қадим хоси тоҷикон буд. Онҳо қисми таркибии маданият ва тарзи ҳаёти вайро ташкил мекунанд. Дар он солҳои мудҳиши рақобати миллӣ (1992-1997) ин ғояҳо фаъолона худро намоиш дода, дар шуури ҷамъӣяти ҳукумфармо гаштан гирифтанд ва ҳамчун шарти зарурии худнигоҳдории миллат дар сиёсати давлатии мо мавқеъ гирифтаанд».
Гузашта аз ин, анъанаҳои гузаштаи марбут ба ҷустуҷӯи роҳҳои ваҳдату якдилӣ дар шуури тоҷикон то андозае таѓйир дода шудаанд ва бо ҳамин ба ҳалли мусолиҳтомези вазъияти низоӣ мусоидат намудад. Гуфтан ҷоз аст,ки дар раванди ба даст овардани ваҳдати миллӣ нақши худи миллати тоҷик бузург аст. Дарк кардани хавфу хатар ва таҳдидҳои гуногуни муосир ба манфиатҳои ҳаётан муҳимми миллӣ, албатта,ба ҳар як миллату халқиятҳо муясар намегардад. Зеро барои фаҳмишу дарки арзишҳои миллӣ корҳои ҷиддии илмию фарҳангӣ лозим меояд. Миллати мо дар ин бобат аз имтиҳони сахти ичтимоӣ гузаштааст,ки таърих онро гувоҳӣ дода метавонад. Акнун баъди ба ваҳдат расидан,дар ҷомеаи навини тоҷикон масъалаҳои муҳимми давлативу шаҳрвандӣ ба миён омадаанд, ки барои бунёди давлати соҳибистиқлоли мо ҳалли онҳо дар мадди аввал местод.
Масъалаи якум ба ҳам овардани миллат дар дохили кишвар ва барқарор намудани ҳаёти осоишта буд.
Масъалаи дуввум ба ватан баргардонидани гурезаҳо ва таъмини амнияти кишвар пеши рӯ омада буд.
Ҳалли ин ду масалаи асосӣ, пеш аз ҳама, ба зимаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти кишвар афтода буд ва онҳо бо саъю талоши зиёде аз ӯҳдаи ин баромада тавонистанд. Аз тарафи дигар беоқибатӣ ва фоҷианокии мавқеи худро дарк намудани мухолифин низ заминае барои беҳбудии мо гардид. Таърихи начандон дури замони Истиқлолият исбот менамояд, ки баъзан сиёсатмадорон ва қумандонҳои саҳрои аз ҳарду ҷониб бар зидди созиши дуҷониба баромад мекарданд. Баҳсҳо дар ин масъала дар Парламенти он вақтаи Тоҷикистон низ ҷой доштанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Ҳукумати кишвар иродаи қавӣ нишон дода, ихтиёран ба роҳи гузашткориҳо бо мухилифин қадам ниҳод ва дар натиҷаи ин дар ҷомеа ваҳдату созиш ба амал омад. Яъне миллати тоҷик дар маҷмӯъ ба пуррагӣ дарк намуд,ки шарти зарурии худнигаҳдории миллат дар сиёсати давлатии мо бояд мавқеъ дошта бошад.
Маълум аст,ки низои сиёсӣ ҳамеша ҳамсафари табии тараққиёт ва тағйиротҳои ҷамъият ва фардият маҳсуб аст.Аз ин рӯ,бо мақсади дарёфти ҳалли мусолиҳатомез ва танзиму анҷоми муваффақона таҳлилу омӯзиши ҳаматарафаи онҳо лозим меояд.Махсусан,таҷрибаи ҳалли қазияи солҳои 90-уми Тоҷикистон, ба ақидаи муаллиф, сармашқест барои пешгирӣ ва хомӯш намудани оташи низоҳо дар дигар гӯшаҳои олам.
Дар баробари ин гуфтан ҷоиз аст, ки аксарияти кишварҳои миёнарав, шахсони маъруфу донишманд ва умуман мардуме,ки ҷонибдори сулҳу салоҳ мебошад, тамоми кушишу ғайрати хешро ба хотири ҳалли масъла ба муколама вобаста медонанд. Боз ҳаст кишварҳое, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба ваҳдати миллӣ омада наметавонанд. Масалан, дар кишвари ҳамҷҷавори азиятдидаи Афѓонистон масъалаи ваҳдати миллӣ ҳанӯз соли 1978 ба миён омада буд, аммо то имрӯз мардум мутаасифона, ба як ваҳдат омада намнтавонад. Ё ин ки аз ин пештар консепсияи ваҳдати миллӣ дар Ветнам низ амали нагашта буд. Ба Ҳамин монанд то имрӯз дар дӯнё зиёда аз 50 низоъҳои фаъоли этникие мавҷуданд, ки гурӯҳҳои бо ҳам мухолиф ба ваҳдат омада наметавонанд. Аз ин ҷо саволе ба миён меояд,ки тоҷикон чӣ гунна ба ваҳдати миллӣ мушарраф гардидаанд. Оё ин дастовард сармашқи кори дигарон мешуда бошад ё не.
Албатта, посух ба ин саволҳо оддӣ буда наметавонд. Аммо як чиз мусаллам аст, ки агар тоҷикон худашон ваҳдатро пазироиш наменамуданд, ҳеҷ вақт ягон қувва ва ё тарафи миёнарав онҳоро ба ҳам оварда наметавонист. Ин, пеш аз ҳама,иродаи миллии худи тоҷикон буд. Дар баробари ин тарафҳои даргир бо пураги ҳис карда буданд,ки ваҳдати миллӣ ягона имконияти таърихӣ барои миллатсозию кишоварзӣ аст. Аз ин рӯ, дар навбати аввал камбудиву норасоиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву сиёсиро дар баробари Ваҳдати миллӣ қиёс намуда, бартарии ваҳдатро аз ҳама болову воло донистаанд. Анна ҳамин интихоби таърихӣ чеҳраи тобноки миллати моро бори дигар рӯшан сохт.
Дуввум, гузаштҳои Ҳукумат дар чанд масълаҳои хеле нозуку хавфнок, ба монанди расмӣ шинохтани мухолифони тоҷик, тақсимоти 30-фоиза бо дохил намудани намояндагони ИНОТ ба сохторҳои иҷроияи ҳокимияти ва пай дар пай авф намудани нафароне, ки дар ҳодисаҳои дохилии Тоҷикистон даст доштанд. Ҳамаи ин масълаҳо ба доираи проблемаҳои таҳаммулпазирӣ дар муколама дохил мешаванд, ки барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ҳалли мусбати онҳо заминаи боэтимоде гузошта тавонист.
Сеюм, масъалаи баргардонидани гурезаҳо аз хориҷи кишвар ва вафодории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба қавли хеш. Яъне баргардонидани тамоми гурезаҳо аз мамлакатҳои дигар.
Муҳиммияти хоссаи таҷрибаи тоҷикон дар бобати ваҳдат дар он аст, ки чунин як созиш дар байни ҷонибҳои тамоюли ҷаҳонбинии мухолиф дошта ба даст омадааст.
Ба ҳамагон маълум аст,ки барои кишварҳои дар тараққиёти иқтисодии худ душвори аз сар гузаронда истода вазифаи умда беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳоли мебошад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти сулҳу салоҳ ва мӯътадил гардонидани вазъият дар кишвар ба бисёр масъалаҳое рӯ овард, ки ба сатҳи зиндагии мардум таъсири мусбият расонидаанд. Яке аз ин масълаҳо тақсими замин ба аҳоли мебошад, ки беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум нақши муассир гузошт. Тақсими заминаҳои президентӣ иқдоми бузургест, ки амнияти озуқавори кишварро таъмин менамояд.
Пойдории Ваҳдати миллӣ, ба ақидаи мо, бештар ба он вобастта аст, ки то кадом андоза онро барои бунёдкорию созандаги истифода бурда тавонем ва чӣ гунна ҳувияти миллӣ эҷоду тақвият диҳем.
Бояд гуфт,ки расидан ба сулҳу ваҳдат ба туфайли татбиқи меъёрҳои зиёди сиёсӣ – ҳуқуқӣ низ имконпазир гардидааст. Дар ҳаёти сиёсии мамлакат ҷиҳатҳои мусбати чунин чорабиниҳо, аз қабили гузаронидани райпурси, интихобот ва дигар чорабиниҳои иҷтимоию сиёсӣ ҷанбаҳои мухталифи Ваҳдати миллиро пурзур намуда заминаҳои дигари рушду инкишофро ба миён овард.
Исозода Тоҷиддин Исо,
декани факултети таърих ва ҳуқуқ
Возможно, это изображение (небо и текст)