БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁН АЗ ОСОРХОНА

Дирӯз як гурӯҳ донишҷӯёни таҳсили фосилавии факултети таърих ва ҳуқуқ зери роҳбарии саромӯзгори кафедраи усули таълими таърих ва ҳуқуқ С. Тағойзода дар доираи омӯзиши фани “Осорхонашиносӣ” аз нигораҳои Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авасто” дидан намуданд.  

Муфассал

Таъзия

Ҳамин ҳоло 22-уми апрели соли 2022 соати 9:23 хабари марги Саидмурод Табарӣ, директори Маркази таҳсилоти фосилавии ДДБ ба номи Носири Хусрав аҳли кормандони донишгоҳро ғамгин кард, ки дар ин мусибати ғамангез худро шарик меҳисобанд. Ҷояш ҷаннат ва манзили охираташ обод бод! Шарҳи ҳол: Саидмурод Таваров (тав. 18. 10. 1960, д. Навкори н. Коммунистӣ (ҳоло Кӯшониён),…

Муфассал

ДОНИШҶӮЁН ДАР ТАҶРИБАОМӮЗӢ МАЛАКАИ ХУДРО НИШОН МЕДИҲАНД

Донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик зери роҳбарии муаллима Раҷабмо Ниёзова таҷрибаомӯзии худро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Бохтар гузаронида истодаанд. Яке аз таҷрибаомӯзон Мадинаи Шерафган, донишҷӯёи курси 3-юм буда аз фанни “Забони тоҷикӣ” ба хонандагони синфи 7-ум дар мавзуи “Кор бо матни дастурамал” дарси намунавӣ дори кард. Инчунин, донишҷӯи дигар…

Муфассал

ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК!

Имрӯз Гулру Саидзода, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ (гурӯҳи русӣ), зери роҳбарии дотсент Исозода Тоҷиддин Исо дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ”, иштирок намуда дар бахши ҳуқуқшиносӣ сазовори ҷойи якум гардида, бо Дипломи дараҷаи 1-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Ёдовар мешавем, ки ин озмун бахшида…

Муфассал

БАХШИДА БА РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК

Дирӯз бо ташаббуси факуотети таърих ва ҳуқуқ мизи мудаввар доир гардид, ки дар он Шамсуллозода Холназар, мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илми-педагогии донишгоҳ, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок карданд.

Муфассал

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрав конференсияи илмию назариявии устодону донишҷӯён бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор шуд. Нахуст, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ба сухани ифтитоҳӣ конференсияи илмиро оғоз кард. Зимни суханронӣ гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи…

Муфассал