Мо оромии Боми ҶАҲОН-ро мехоҳем!

Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон расман дар 2 январи соли 1925 бар асоси Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Иттиҳоди Шӯравӣ дар таркиби Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил шуда бошад ҳам аз оғоз то ба имрӯз мардуми ин сарзамин бо дониш, фарҳанг, санъат ва варзиш дар арсаи ҷаҳонӣ обруву ва эътибори Боми Ҷаҳон ва Тоҷикистонро нигоҳ доштаанд.…

Муфассал

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ХАБАР МЕДИҲАД

16-уми майи соли ҷорӣ соати 18.30 дақиқа саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Мамадбоқиров Мамадбоқир таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии Мамадшоева Улфатхоним Масумовна ва шахси дар ҷустуҷӯй қарордошта Шерзамонов Алим, дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ, бо мақсади халалдор намудани амнияти ҷамъиятӣ, монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, тарсонидани аҳолӣ ва таъсиррасонӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ…

Муфассал

ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДДБ БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ

  ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДДБ БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАХШИДА БА РУЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА НАМУДА, САЗОВОРИ ҶОЙҲОИ НАМОЁН ГАРДИДАНД.

Муфассал

Дарси амалӣ дар мавзуи “Такмили маҳорати суханварӣ”

Дарси амалии устод Шарифзода Шарифхон, омӯзгори факултети педагогика ва варзиш дар гурӯҳи русӣ – и ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ дар мавзӯи “Такмили маҳорати суханварӣ” баргузор гардид  

Муфассал

ДДБ. ДУ НАФАР ДОНИШҶӮ ҒОЛИБИ ОЗМУН ГАРДИД

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 2-юмин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати ДБССТ” баргузор шуд, ки дар он 200 нафар донишҷӯён аз 35 донишгоҳҳои олии кишвар ширкат варзиданд. Ин озмун аз 13 то 14-уми майи соли равон идома карда, аз рӯйи 3 равия математика (тахассусӣ, ғайритахассусӣ), технологияҳои иттилоотӣ (тахассусӣ,…

Муфассал

ГУЛАКИ БА НОЗ ПАРВАРИДААМ ГУЛ КАРД

Дар ҳаёт ҳама чиз зебову табиӣ ба назар мерасад, ки ин хуб аст. Баъзе ҳолатҳо аз хусусияти чизе дар ҳайрат мемонем ва ба андеша фурӯ меравем, худ ба худ мегӯем, ки оё ин муъҷизаофару ғайриоддӣ бошад. Аз он намеандешем, ки табиат ва хусусияти офарандагиаш ҳамин аст. Масалан, ҳангоми дар Раёсати таҳсилоти донишгоҳ кор карданам, гулбутаеро…

Муфассал

.ЧУН БИШКАНАД ШОХИ ҶАВОНӢ, ГИРЯМУ ГИРЯМ

Ҳунарманди асил ва шахсияти нотакрор Аловиддин Абдуллоев хеле ҷавон ҷаҳони фониро падруд гуфт. Ӯ ба абадият пайваст. Имрӯз мо-ҳаводорони ҳунари ӯ ба зиндагиномаи ин ҳунарманд назар мекунем ва мехоҳем бифаҳмем, ки сирри муваффақият ва маҳбубияташ дар чӣ буд? Ӯ мисли ахтаре равшан шуду хомӯш гашт ва дар дили мо як олам ғаму ғуссаро ба ҷой…

Муфассал

COVID-19 (ПАМФЛЕТ)

  Омӯзгор ба синфхона даромаду чашмаш ба яке аз донишҷӯёни пургӯю камнамо, ки аксар вақт дар дарсҳо ширкат намекарду баробари “қадам ранҷа карданаш” мушкилиеро ба бор меовард, бархӯрд. Муаллим дарсро гузашту хост он донишҷӯро наздаш хонда, андаке танбеҳ диҳад, то чӣ будани таҳсил дар донишгоҳу низомномаи онро дарк намояд ва бо оҳанги хос гуфт: –…

Муфассал

БАРРАСИИ МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ ШАҲРВАНДИ АФҒОНИСТОН ДАР ДОНИШГОҲ

Дар асоси мактуби Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА – 024 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 27.04.2022 ва бо розигии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба рисолаи номзадии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020303 – таърихнигорӣ, манбаъшиносӣ ва методҳои таҳқиқи таърихӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Афғонистон Умед Ҳашматуллоҳ дар мавзуи “Саҳми бостоншиносони хориҷӣ…

Муфассал