Бо иштироки Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба тарбия, Муқаддас Рустамзода, декани факултет ва омӯзгорон дар факултети забон ва адабиёти рус ҳисоботи солона доир гардид.

Нахуст, Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба тарбия баромад намуд.
Сипас, Муқаддас Рустамзода, декани факултет баромад намуда дар назди ҳозирин оид ба фаъолияти факултет ҳисобот дод. Иттилоъ дода шуд, ки факултет аз рӯйи ду ихтисос адабиёти рус ва назария ва амалияи тарҷума мутахассис омода месозад. Ҳамчунин, дар соли равон 71 нафар ин даргоҳро ҳатм менамоянд. Дар факултет 58 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил намуда аз он 38 нафарашонро духтарон ташкил медиҳад.