oид ба пешгирии паҳншавии

бемории нави коронавируси (COVID-19)

– ҳеҷ вақт ва дар ягон ҳолат ба таҳлука (воҳима) наафтед;

– ба Шумо зарур аст, ки пеш аз ҳама қоидаҳои гигиенаи санитариро қатъӣ риоя намоед;

– ҳангоми гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва суҳбат бо дигар шахсон масофаи на кам аз 1, 5 метрро нигоҳ доред;

– пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ ҳатмӣ буда, истифодаи онро фаромӯш накунед;

– мунтазам шустани дастонро бо собун ва тоза нигоҳ доштани онро қатъӣ риоя кунед;

– ҳеҷ вақт ва дар ягон ҳолат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ду ё се нафар зиёд ҷамъ нашавед;

– агар синну соли Шумо аз 60 зиёд бошад, ҳатман дар хона монед ва аз гаштугузор худдорӣ намоед;

– дар хотир дошта бошед, ки ин беморӣ тавассути заррачаҳои луоби даҳон аз бемор ба шахси солим мегузарад;

– ба ҷашм, даҳон ва бинӣ даст нарасонед;

– ҳамавақт даромадгоҳҳои умумии хонаҳоро тозаву озода нигоҳ дошта бо маҳлулҳои махсус тамиз намоед;

– манзилҳои истиқоматии шахсии худро тозаву озода нигоҳ доред.

 

         Дар сурати мунтазам риоя намудани дастури мазкур метавонед худ ва наздикони худро аз сироятёбӣ аз ин беморӣ ҳифз намоед. Ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки саломатии ҳар як шахс, қабл аз ҳама, дар дасти худи ӯст ва ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ вобастагии амиқ дошта, иҷрои қатъии онҳо имкон медиҳад, ки одамон ба ин бемории сироятӣ гирифтор нашаванд.

 

         Эъзоҳ: – Ҳангоми мушоҳидаи таби баланд, сулфаи хушк, сӯзиши қафаси сина таъҷилан ба духтури маҳалли зист муроҷиат намоед ва бахудмуолиҷакунӣ роҳ надиҳед!