«Сухан ҳокими бузургест, ки ҷисми кӯчак ва ноаёне дошта, корҳои аҷибро ба анҷом мерасонад. Ҳамчунин он метавонад тарсро дур кунад, ғаму андӯҳро барҳам занад ё шодию хурсандиро нобуд созад ва андӯҳро ба вуҷуд оварад. Нерӯи ҳайратангез, ки ба сухан тааллуқ дорад, рӯҳро чӣ гунае, ки мехоҳад ташаккул медиҳад», – гуфтааст нобиғаи дунёи сухани атиқа Горгий.

Нақши сухан дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мақоми боло дошта, ҳамагон аз он истифода мебаранд. Сухан метавонад инсонҳоро мартабаи баланд дода ба кулли дигар созад. Ё онҳоро аз мақоми будаашон боз ҳам пастару поёнтар намояд. Сухан бузургворӣ ва ахлоқи наку доштаи инсонро ошкор месозад ва ё бадҷаҳлу нодон будани онҳоро дар назди дигарон нишон медиҳад. Аз ин рӯ, сухан метавонад бар инсон ҳам манфиат ва ҳам зиён орад.

Дар Юнони Қадим суханвари ҳамчун илми муҳими ҷомеа дониста мешуд ва барои суханварон мактабҳои махсус ташкил намуда буданд, ки ба мардум ҷиҳатҳои муҳими ин фанро меомӯзониданд. Имрӯзҳо ҳам таълими ҳунари суханварӣ мақоми худро гум накардааст. Чуноне, ки профессор Худоӣ Шарифов дар китоби «Балоғат ва суханварӣ» қайд менамояд, ки: «Ҳама зарурати таълими ҳунари суханвариро мефаҳманд, аммо ба назари мо, касе дақиқ намедонад, ки дар ин фан чиро бояд таълим дод ва ҳудуди баҳси ин аз куҷо то куҷост ва дастуру кутуби буниёдиашро аз чӣ ва куҷо метавон мунтахаб кард».

Аксарияти донишҷуён дар он андешаанд, ки суханварӣ ва сухандонӣ танҳо ба донишҳои филологӣ ба шоирону нависандагон, забондонону адабиётшиносон лозим аст. Лекин дар асл сухан тамоми соҳаҳои ҳаёти инсонро фаро гирифта, суханвариву сухандонӣ дар ҳама соҳа мақом ва нақши хоси худро дорад.

Мақом ва нақши сухан дар сиёсат арзиши боло дошта, хушсуханиву сухандонӣ ва санъати суханварӣ хоси сиёсатшиносону сиёсатмадорон, сарварони сиёсӣ ва барандагони сиёсат мебошад. Дар воқеъ, мутахассиси сиёсатшинос бояд як навъ хислатҳои психологиро донад, ки дигаронро ба худ ҷалб намуда тавонад. Дар ин ҷо, пеш аз ҳама, соҳиби санъати баланди суханварӣ ва дониши баланди мантиқӣ бошад. Аз ин рӯ, мо  бештар дар ин мавзӯъ сари масъалаи суханварии сиёсӣ бояд суҳбат дошта бошем. Дар асл тамоми суханварон дар равиши фаъолияти сиёсии хеш кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз доираи ахлоқи муайян берун набароянд ва бештар ба маданияти сиёсӣ такя намуда, баромади хешро пурмазмун намоянд.

Ҳар як барандагони сиёсат кӯшиш ба он менамоянд, ки барои ба мақсад расидан аз усулҳои боварикунонӣ ба воситаи сухан ва тарзи ҳаракатҳои гуногуни дастҳо ва дигар имову ишоратҳо истифода намуда, ҷойи худро дар дили шунавандагон пайдо намоянд. Чуноне, ки аввалин шуда Демосфен ҳаракати дастҳоро ҳангоми суханварӣ амалӣ намудааст. Ва боре аз ӯ пурсиданд, ки барои суханвари хуб шудан чӣ бояд кард, ҷавоб дод: «Имову ишора, имову ишора, имову ишора». Барои суханварии сиёсӣ дар асл вазну қофия лозим нест, балки сеҳру қудрати сухан лозим аст. «Суханварии сиёсӣ, – қайд менамояд Маҳмадов, – ин баромади қаблан омодашуда ва муҳокимашудае мебошад, ки метавонад баҳои мусбат ё манфӣ ва далелҳои асоснокшуда дошта бошад. Ҳамзамон, нутқи сиёсӣ барномаҳо ё нақшаҳои амалиёт, барномаҳои дурнамоии рушд ва пешниҳодҳои дигаргунсозиро дар бар мегирад.

                             

Сироҷиддинов Афзалшоҳ, донишҷуйи бахши

дуюми факултети сиёсат ва идораи давлатӣ