Омӯзгор, роҳнамои инсоният, шахси ҳалиму меҳрубон, дилсӯзу ҳидоятгари роҳи рости зиндагӣ маҳсуб меёбад. Ин аст, ки дар васфи бузургӣ, қадру манзалати устод, мутафаккирони варзида, шоирону нависандагон суханони зиёде гуфтаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста заҳмати устодону омӯзгоронро баланд арзёбӣ намуда, дар сиёсати хеш маорифро соҳаи афзалиятнок эълон намудааст, зеро омӯзгор ба хотири тарбияи насли наврасу ҷавон аз баҳри ҳама чиз мегузарад, то ин ки ояндаи давлату миллат босубот бошад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар дар самти бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин намудани аҳолии ҷумҳурӣ сол то сол корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Дар тӯли 29 соли Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат чандин маротиба музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, аз ҷумла омӯзгорон зиёд гардида, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум пайваста тадбирҳои гуногун амалӣ мегардад.
Афзун гардидани музди меҳнатро кормандони соҳаи маориф яке аз ғамхориҳои навбатии наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд.
“-Бениҳоят хуб аст, ки аз тарафи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар баробари дигар соҳаҳои муҳим дар пайи ҳар иқдоми навбатӣ ба ин соҳа низ диққати хосса равона мегардад. Мо омӯзгорон – аз дастгириву ғамхории Президенти кишвар пайваста бархӯрдорем ва ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо ваъда медиҳем, ки тамоми саъю кӯшиши худро баҳри босаводу ботарбия гардидани насли ҷавон равона намуда, саҳми худро дар рушду нумӯи кишвари азизамон Тоҷикистон мегузорем. Ҳар як сокини кишвар бояд ба қадри ин ҳама ободӣ, бунёдкорӣ ва оромию осоиштагӣ расида, баҳри боз ҳам тараққӣ ёфтани соҳаҳои гуногун ҷаҳду талош намояд,” – иброз дошт омӯзгори ҷавони кафедраи фалсафа Ганҷина Нодирова.
Тамоми иқдоми неку наҷибонаи Президенти кишвар бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ ва хуб гардидани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо сокинони кишварро лозим аст, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо самаранок кору фаъолият намуда, дар рушду нумӯи кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро гузоранд, зеро обод намудану саҳмгузор будан дар пешрафти кишвар қарзи шаҳрвандии мо ба ҳисоб меравад.
Раҷабмоҳ Давлатова,
омӯзгори гимназияи назди донишгоҳ