Устодони гиромиқадр, ҳамкасбони азиз!

 

Яке аз пешаҳои заҳматталаб ва хеле пурифтихор дар ҷомеа ин касби омӯзгорӣ аст. Омӯзгор он шахсиятибузург ва нотакрорест, ки  бо нури ақл олами фикрии моро равшан намуда, дунёи  пурасрори илмро бароямон муаррифӣ мекунад.

 

Мардум ба муаллими воқеӣ ҳамчун шахси закиву хирадманд, донишманду бофарҳанг бо эҳтироми хоса муносибату муомила менамоянд ва ба ӯ бовар карда, азизтарин шахс фарзандонашро ба ихтиёраш месупоранд, барои бартараф кардани мушкилоти зиндагӣ аз эшон маслиҳат мепурсанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба рушди соҳаи маориф, ки онро асоси таҳкими аркони давлат меҳисобанд, таваҷҷуҳ ва ѓамхории махсус зоҳир мекунанд.

 

Мову шумо афроди хушбахти Ватан ҳастем, ки имрӯз дар соҳаи барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятнок- маориф таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар амал татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Тоҷикистон-баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва малакаи донишҷӯён ҷидду ҷаҳд дорем.

 

Ҳамчунин Пешвои миллат бо боварии том таъкид менамоянд, ки бо неруи созанда ва эҷодгари омӯзгорони муҳтарам ва тамоми мардуми шарифи кишвар мо аз он озмоиши бузурги таърих бо ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва азму иродаи шикастнопазири миллӣ хоҳем гузашт ва насли нав- ворисони содиқеро тарбия хоҳем кард, ки воқеан, сазовори ин давлату миллат гардида, Тоҷикистони азизро дар оянда ба таври шоиста обод ва соҳибӣ хоҳанд намуд.

 

Дар замоне, ки вазъи сиёсии ҷаҳон бисёр мураккаб гардидааст, иҷро ва амалӣ намудани ин дастурҳову тадбирҳо бениҳоят муҳим арзёбӣ мешавад. Дар ҳақиқат, моро зарур аст, ки бо шинохти масъулият беҳтару бештар заҳмат бикашем.

 

Ба қавли Президент маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Имрӯз вақти он расидааст, ки ба кори муаллимӣ онҳое бояд ҷалб карда шаванд, ки пеш аз ҳама, дар ниҳоди хеш ҷавҳари маърифати худогоҳиву худшиносӣ, инсонгароиву башардӯстӣ, ифтихори милливу ватандӯстӣ дошта бошанд, аз уҳдаи ин пешаи бузургу нотакрор баромада тавонанд.

 

Ҷавобан ба ѓамхориҳое,ки Сарвари давлат дар ҳаққи  омӯзгорон арзонӣ доштаанд, кӯшиш ба харҷ бояд диҳем, ки дар замири ҷавонон ваҳдату ягонагӣ, дониши баланду ахлоқи намунавӣ, муҳаббат ба Ватан-модар, дӯст доштани сарзамини муқаддасамон ба таври ҳамешагӣ маъво гирад, то ки барои пойдории давлати соҳибихтиёрамон ва зиндагии хушбахтонаву рӯзгори осудаи наслҳои имрӯзу фардо заминаи мусоид фароҳам оварем.

 

Мо то имрӯз таҳти таассурот аз таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ қарор дошта, ба 30-юмин солгарди ин санаи бузургтарини таърихӣ ва сарнавиштсози миллат омодагӣ мегирем. Раванди ободкориву созандагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сар то сари кишвар, алалхусус дар донишгоҳи азизамон бо суръати бесобиқа идома дорад. Ҳамин раванди ободкорию созандагиҳо дар донишгоҳ буд, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳуриро ҷалб намуд ва дар маросими кушодашавии як қатор иншооти донишгоҳ суханронӣ намуда, аз фаъолияти созандагиву ободкориҳо дар донишгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамчун яке аз марказҳои асосии тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ ва рушди фарҳангу адаби кишвар дар тӯли фаъолияти беш аз чилсолаи худ дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар тарбияи омӯзгорон ва мутахассисони бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат нақши сазовор гузоштааст». Ин баҳои баланди Пешвои миллат ба фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмии кормандони донишгоҳ таъсири амиқу хотирмон бахшида, ҳамагонро  рӯҳбаланд намуд. Натиҷаи таассуроти неки баҳогузории Пешвои миллат буд, ки устодони донишгоҳ дар самти корҳои илмӣ ба таври бесобиқа натиҷаҳои намоёнро ба даст оварданд ва танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 16 нафар рисолаҳои илмии номзадиву доктории хешро сарбаландона дифоъ намуданд.

 

Таваҷҷуҳ ва ѓамхориҳои рӯзафзуни Пешвои миллат ба соҳаи маориф моро водор месозад, ки тамоми неруи ақлонию зеҳнии худро дар партави иҷрои супоришу ҳидоятҳои Сарвари давлат барои беҳбудӣ бахшидан ба сифати таълиму тарбия, истифодаи роҳу усулҳои фаъол дар рафти таълим, корбасти технология ва техникаи замонавӣ дар раванди таҳсилот, тайёр намудани мутахассисони баландихтисосу дорои ахлоқи ҳамидаи ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ равона созем.

 

Воқеан, ошёни меҳри устодон дар баландиҳо, дар қалби чандин насли толибилмҳост, ки барояшон сабақу фазл омӯхта, ба камолашон расонидаанд.

 

Умедворем, ки Шумо-муҳтарам ҳайати профессорон, омӯзгорон, кормандон, донишҷӯён ва ҳозирини гиромӣ дар таъмини пешрафту созандагӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, дар кафолати зиндагии осоиштаву пурнишоту бунёди ҷомеаи шаҳрвандии демократӣ ва ҳифзи сарватҳои волои миллат, пешрафту шукуфоии донишгоҳи азизамон саҳми арзанда мегузоред. Дар охир, мо ба тамоми устодон ва донишҷӯён,  ки муаллимони ояндаанд, дар ин пайроҳаи мушкил ва пурифтихори омӯзгорӣ саодати рӯзгор ва иқболи шукуфоию барор орзу намуда, таманнои онро дорем, ки Рӯзи муаллим барои Шумо- устодони гиромиқадр ва кулли  омӯзгорону алоқамандони соҳаи маориф навгониҳои тоза ба тоза эҳдо намояд.