Маҳфили илмии «Андозситонони ҷавон» дар назди кафедраи андоз ва андозбандӣ факултети иқтисодӣ баргузор гардид. Маҳфили мазкур дар мавзӯи «Роҳҳои ҳисоб намудани андоз аз воситаҳои нақлиет» доир шуда, ки дар он Шодмон Бақоев, мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ, Шарифхон Саидмуродов, сардори Раёсати илм ва инаватсияи донишгоҳ омӯзгорону донишҷӯён ва аъзои маҳфил иштирок доштанд.

 

Нахуст, Турсунов Расул, роҳбари маҳфил суханронӣ намуда, ба иштирокчиён мақсади баргузории маҳфилро иброз дошт.

Дар идома, Шодмон Бақоев, мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ, Шарифхон Саидмуродов, сардори Раёсати илм ва инаватсияи донишгоҳ андешаҳои хешро доир ба беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти маҳфил баён карданд.

 

Вобаста ба мавзӯи «Роҳҳои ҳисоб намудани андоз аз воситаҳои нақлиет» донишҷӯи соли сеюми ҳамин факултет Вафо Мирзоев бо маърӯза баромад намуд. Маърӯза бо презентатсия омода шуда паҳлӯҳои мавзӯъ пурра таҳлил карда шуд

Ҳамин тариқ, дар музокираҳо аз ҷониби аъзоёни маҳфил ҷиҳати хубтару беҳтар гузаронидани маҳфили илмии «Андозситонони ҷавон» дар назди кафедра фикру андешаҳои судманд баён гардид.

 

 

 

 

 

Маркази таҳлилӣ – иттилоотии ДДБ