Табодули таҷриба ва омӯзиши навовариҳои фаннӣ бо назардошти рушди илму техника, дар раванди омодасозии мутахассисони ҷавон имкон медиҳад, ки кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат омода гарданд. Шароити фароҳам гардида, дастовард, роҳҳои рушд ва дигар масъалаҳои марбут ба мавзуи “Муаммоҳои муосири математика ва таълими он» зимни як ҳамоиши илмӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носир Хусрав мавриди муҳокима ва баррасии олимону муҳаққиқон қарор гирифт.