Таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ дар сайёра аз масъалаҳои муҳимми глобалӣ ба ҳисоб рафта, ҳамкории мутақобилаи кишварҳоро дар ин самт тақозо мекунад. Имрӯз дар баъзе кишварҳо низоъ ва муноқишаҳои мусалаҳона ҷараён дорад, ки чунин ҳодисаҳо ба раванди таъмини сулҳи пойдор таъсири манфӣ мерасонанд.
Маҳз бо мақсади ҳифзи Истиқлолу ваҳдати комил дар сайёра Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар мубоҳисаҳои 80-уми Маҷмааи Созмони миллали муттаҳид бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳамкорӣ баҳри таҳкими сулҳ давъат намуданд.
Ҳангоми суханронӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки масъалаи Фаластин ва сулҳи пойдор дар Ховари Миёна танҳо дар асоси татбиқи қатъномаҳои Созмони Милал ва формулаи “ду давлат” имконпазир аст. Дар ин зимн, Роҳбари давлати мо даъват намуданд, ки “дар Ғазза оташбаси устувор барқарор ва дастрасии кумаки башардӯстона таъмин карда шавад”. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон, ҳамчунин, ҷонибдори таъмини сулҳу субот, амнияти комил ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар Афғонистон низ мебошад.
Баъд аз суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар ба масъалаи роҳу усулҳои таҳкими сулҳ таваҷҷуҳ намуда, дар асоси суханрониҳои Сарвари давлати мо барномаву нақшаҳои кории худро таҳия ва амалӣ хоҳанд намуд. Ҳамчунин Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “Тоҷикистон аз ислоҳоти фарогири низоми Созмони Милали Муттаҳид зимни ташаббуси “Барномаи Созмони Милали Муттаҳид-80”, “Созмони Милали Муттаҳид-2.0” ва “Диди Дабири кулл оид ба низоми муосири Созмони Милал ҷонибдорӣ менамояд”. Дар баробари ин, аз “Паймон ба хотири оянда” ҳамчун иқдоми муҳимми дастҷамъона дар роҳи пешбурди сулҳ ва рушди устувор истиқбол карда шуд.
Бояд ҳар фарди сайёра баҳри таҳкими сулҳу ваҳдат саъйюу талош варзида, барои саодати инсоният саҳми худро баҳри шукуфоӣ ва зиндагии босаодат гузорад.
Сафарбекзода Ҳукмиддин,
дотсент, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
