Имрӯз мулоқоти омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва роҳбарияти Маркази омӯзиши давлатҳои назди Каспий ва Осиёи Марказӣ доир гардид, ки дар он муовинон, профессорон ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, сатҳи омӯзиши забони чинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи кушодани Маркази омӯзиши забони чинӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо сарпарастии Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таъкид намуданд.

