31 августи соли 2026 барои Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯзи муҳим гардид. Дар ин рӯз Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2027 минбаъд 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил хоҳад шуд.
Ин рӯйдод барои Тоҷикистон дастоварди навбатии дипломатӣ маҳсуб гардида, нақши кишвари мо дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ боло рафт. Муҳимтар аз ҳама, ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаеро ба миён гузошт, ки имрӯз ба яке аз масъалаҳои калидии рушди инсоният табдил ёфтааст. Яъне, бояд бар сари он андешем, ки чӣ гуна метавон имкониятҳои бузурги зеҳни сунъиро ба нафъи инсон истифода барем ва ҳамзамон ҷомеаро аз хатарҳои эҳтимолии он ҳифз намоем?
Имрӯз зеҳни сунъӣ чун падидаи илмӣ босуръат ба арсаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, идоракунии давлатӣ, илм, фарҳанг, иттилоот ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ворид мегардад. Аз ин рӯ, сухан дар бораи интихоби роҳи дурусти истифодаи фанновариҳо, таъмини амният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ба манфиати ҷомеа равона кардани имкониятҳои технология меравад. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти фарогири ҷаҳонӣ касб мекунад.
Қабули қатъномаи мазкур идомаи мантиқии ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти технологияҳои навин, рақамикунонӣ ва рушди зеҳни сунъӣ мебошад. Тоҷикистон қаблан низ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид масъалаи истифодаи зеҳни сунъӣ ба хотири рушди устувор ва фарогирро ба миён гузошта буд. Аз ҷумла, соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон қатънома оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ қабул гардид. Пайдарпайии ин ташаббусҳо гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон ба технологияҳои навин ҳамчун падидаи муваққатӣ ё тамоюли мудгузар назар намекунад. Баръакс, рақамикунонӣ, рушди технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ тадриҷан ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати дарозмуддати давлат табдил ёфта истодаанд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025 солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардиданд. Дар заминаи чунин сиёсати давлатӣ ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ маънии боз ҳам васеътар пайдо мекунад. Яъне кишвар ҳамзамон бо фароҳам овардани заминаҳои дохилӣ барои рушди технология, дар сатҳи байналмилалӣ низ масъалаи истифодаи масъулиятнок, бехатар ва инсонмеҳвари онро ба миён мегузорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид ба аҳамияти технологияҳои рақамӣ гуфтаанд: «Дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад». Дар асри технология рақобатпазирии давлатҳо аз захираҳои табиӣ, иқтидори истеҳсолӣ ва ҳаҷми сармоя, ҳамзамон аз сатҳи дониш, инфрасохтори рақамӣ, сифати кадрҳо ва қобилияти истифодаи оқилонаи технологияҳои муосир вобаста мегардад. Аммо рақамикунонӣ набояд ҳадафи худӣ бошад. Технология бояд беҳтар шудани сифати зиндагии мардум ва самаранок гардидани фаъолияти давлату ҷомеаро таъмин намояд. Пешвои миллат дар ин маврид таъкид кардаанд: «Рақамикунонӣ бояд, пеш аз ҳама, ба беҳтар гардидани зиндагии мардум, сарфаи вақти шаҳрвандону соҳибкорон, кам шудани хароҷоти иловагӣ, шаффофияти идоракунӣ ва афзоиши рақобатнокии иқтисоди миллӣ хизмат намояд». Ин меъёри муҳим бояд дар муносибат ба зеҳни сунъӣ низ роҳнамои асосӣ бошад. Зеро арзиши аслии технология дар он муайян мегардад, ки то кадом андоза ба инсон, ҷомеа ва рушди устувор хизмат мекунад.
Имкониятҳои зеҳни сунъӣ воқеан фароханд. Он метавонад ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ, рушди илм ва маориф, таҳлили маълумоти калон, пешгӯии офатҳои табиӣ, рушди тиб ва кишоварзӣ мусоидат намояд. Аммо ҳар қадар имконият бештар бошад, ҳамон қадар масъулият низ бузургтар мегардад. Истифодаи нодуруст ё бемасъулиятонаи зеҳни сунъӣ метавонад боиси паҳншавии маълумоти бардурӯғ, таҳрифи воқеият, поймол гардидани дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сӯиистифода аз маълумот, афзоиши таҳдидҳои киберӣ ва дигар мушкилоти ҷиддӣ гардад. Аз ин рӯ, калимаҳои «бехатар», «ҳифзшуда» ва «боэътимод» дар номи Рӯзи байналмилалӣ тасодуфӣ нестанд. Онҳо, дар асл, се талаботи муҳимро ифода мекунанд: технология бояд барои инсон бехатар бошад, маълумоту ҳуқуқҳои ӯ ҳифз гарданд ва натиҷаҳои истифодаи он то ҳадди имкон боэътимод ва санҷидашуда бошанд. Дар чунин шароит масъалаи маърифати рақамӣ ва фарҳанги иттилоотии ҷомеа аҳамияти махсус пайдо мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, таъкид намуданд: «Дар шароити рақамикунонии босуръат, рушди пайвастаи технологияҳои иртиботӣ ва афзоиши теъдоди шабакаҳои иҷтимоиву расонаҳои хабарии электронӣ ҷавонон бояд фарҳанги баланди иттилоотӣ дошта бошанд». Дар воқеъ, имрӯз инсон метавонад дар чанд сония ҳазорҳо иттилоотро дарёфт кунад, аммо мушкили асосӣ фарқ кардан ё ҷудо кардани ҳақиқат аз дурӯғ, далел аз тахмин ва иттилои боэътимод аз муҳтавои сохта мебошад.
Аз ин рӯ, Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки ҷавонон бояд шабакаҳои иҷтимоиро огоҳона истифода баранд, бо иттилооти ғаразнок ва хабарҳои бардурӯғ муқовимат карда тавонанд, интернетро барои илму донишандӯзӣ истифода кунанд ва дар таъмини амнияти иттилоотиву мафкуравии ҷомеа саҳмгузор бошанд. Бояд огоҳ бошем, ки технология метавонад ҳам воситаи донишомӯзӣ ва рушди зеҳн бошад ва ҳам, дар сурати истифодаи нодуруст, манбаи иттилои бардурӯғу таҳрифи воқеият гардад. Бинобар ин, баланд бардоштани масунияти иттилоотии ҷомеа бояд яке аз самтҳои муҳимми сиёсати рақамикунонӣ бошад.
Дар ин раванд масъалаи маориф ҷойгоҳи меҳварӣ дорад. Зеҳни сунъӣ, пеш аз ҳама, ба ҷомеае манфиат меорад, ки дорои кадрҳои донишманд, тафаккури интиқодӣ ва фарҳанги баланди истифодаи технология бошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ба зарурати тақвияти истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф ишора намуданд: «Мо бояд ҳамқадами замон бошем, омӯзишу истифодаи технологияҳои муосирро дар сатҳи баланд ба роҳ монем ва ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки танҳо дар заминаи маорифи фаъолу фарогир ва пешрав метавонем дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи шоиста пайдо намоем». Таъкиди Сарвари давлат бояд ба як барномаи воқеии амал табдил ёбад. Дар шароити имрӯза вазифаи мактаб ва донишгоҳ фақат омӯзонидани истифодаи компютер ё барномаҳои рақамӣ нест. Муҳимтар аз он, тарбия намудани шахсест, ки метавонад технологияро фаҳмад, арзёбӣ кунад, дуруст истифода барад ва масъулияти оқибатҳои истифодаи онро дарк намояд. Аз ин рӯ, саводи рақамӣ бояд бо саводи иттилоотӣ, тафаккури интиқодӣ ва маърифату ахлоқ пайванд бошад. Ҷомеае, ки технологияро истифода мебарад, вале ҳақиқатсанҷӣ ва тафаккури интиқодӣ надорад, метавонад ба осонӣ таҳти таъсири иттилооти сохта қарор гирад. Баръакс, ҷомеаи донишбунёд технологияро ба воситаи рушди инсон ва пешрафти кишвар табдил медиҳад.
Имрӯз технологияҳои зеҳни сунъӣ метавонанд дар ҷустуҷӯ ва гурӯҳбандии маълумот, таҳлили ҳаҷми бузурги иттилоот, коркарди омор, транскрипсияи мусоҳибаҳо, тарҷума, таҳрир, омодасозии маводи корӣ ва таҳлили аудитория ба журналист ёрӣ расонанд. Ин имкониятҳоро рад кардан дуруст нест. Баръакс, журналистикаи муосир бояд аз дастовардҳои фаннӣ ба таври самарабахш истифода барад. Аммо як меъёр бояд тағйирнопазир боқӣ монад, ки технология метавонад василаи ёрирасон дар кори журналист бошад, вале масъулияти журналистро иваз карда наметавонад. Журналистика бар пояи ҳақиқат, санҷиши далелҳо, масъулияти касбӣ дар назди ҷомеа ва эҳтироми инсон устувор аст. Зеҳни сунъӣ метавонад матн эҷод кунад, аммо масъулияти ахлоқии он матнро ба дӯш гирифта наметавонад. Он метавонад маълумотро ҷамъбаст намояд, вале журналист бояд дурустии онро бисанҷад. Он метавонад чанд варианти сарлавҳа пешниҳод кунад, вале интихоби ниҳоӣ бояд бо дарки масъулияти иҷтимоии матбуот сурат гирад.
Дар замоне ки муҳтавои сохта, аксҳои тағйирдодашуда ва хабарҳои қалбакӣ бо суръати зиёд паҳн мешаванд, рисолати журналистикаи касбӣ боз ҳам муҳимтар мегардад. Аз ин рӯ, барои воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ истифодаи технологияҳои нав бояд, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани сифати иттилоот, суръат, сареҳият ва наздик намудани матбуот ба талаботи хонандаи муосир мусоидат намояд. Журналисти оянда набояд рақиби зеҳни сунъӣ бошад. Ӯ бояд аз фанноварӣ оқилона истифода бурда, дар баробари ин, дониш, тафаккури интиқодӣ, виҷдони касбӣ ва масъулияти иҷтимоии худро тақвият диҳад. Яъне журналисти асри рақамӣ бояд қодир бошад, ки ба технология назорат ва ба иттилоот арзёбии касбӣ диҳад.
Интихоби 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод низ маънии рамзӣ дорад. Маҳз 31 августи соли 1955 пешниҳоди лоиҳаи таҳқиқотии марбут ба омӯзиши зеҳни сунъӣ дар Донишгоҳи Дартмут ба миён гузошта шуда буд. Ҳамин тавр, санаи пайдоиши яке аз ғояҳои муҳимми таърихи рушди зеҳни сунъӣ бо рӯзе пайванд мегирад, ки акнун дар тақвими байналмилалӣ ба масъалаи ояндаи бехатар ва масъулиятноки ин технология бахшида мешавад. Ин барои Тоҷикистон низ далели муҳим аст, зеро кишваре, ки имрӯз бо ташаббуси худ масъалаи мазкурро дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ба рӯзномаи байналмилалӣ ворид менамояд, нишон медиҳад, ки мехоҳад дар сохтани ояндаи рақамӣ тамошобин не, балки саҳмгузор бошад.
Вилояти Хатлон минтақаи бузурги истеҳсолӣ, кишоварзӣ, саноатӣ ва сайёҳии кишвар буда, рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ метавонад ба омили нави пешрафти иқтисодию иҷтимоии он табдил ёбад. Дар самти идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани гардиши ягонаи ҳуҷҷатҳои электронӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар хизматрасониҳо ва баланд бардоштани маърифати рақамии аҳолӣ метавонад самаранокии идоракуниро боз ҳам боло барад. Дар соҳаи кишоварзӣ имкониятҳо боз ҳам васеътаранд. Системаҳои зеҳни сунъӣ метавонанд барои таҳлили маълумоти обу ҳаво, пешгӯии ҳосилнокӣ, муайян намудани нишонаҳои бемориҳои растанӣ, назорати ҳолати замин ва истифодаи оқилонаи захираҳои об мусоидат намоянд. Барои минтақае, ки беш аз 60 фоизи маҳсулоти кишоварзии тамоми кишварро истеҳсол мекунад, чунин технологияҳо метавонанд аҳамияти амалӣ дошта бошанд. Дар соҳаи идоракунии захираҳои об низ таҳлили додаҳо ва алгоритмҳои зеҳни сунъӣ метавонанд барои пешгӯии талаботи об, муайян намудани талафот ва қабули қарорҳои асоснок мусоидат кунанд.
Дар соҳаи сайёҳӣ имкониятҳо фаровонанд. Вилояти Хатлон дорои ёдгориҳои зиёди таърихию фарҳангӣ ва мавзеъҳои табиии ҷолиб мебошад. Дар Форуми байналмилалии сайёҳии «Хатлон – сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат», ки тобистони соли 2026 баргузор гардид, масъалаи рақамикунонии хизматрасониҳои сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми рушди соҳа матраҳ шуд. Дар ҳошияи форум 60 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 24 миллион сомонӣ ба имзо расид. Дар оянда технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ метавонанд барои ташкили роҳбаладҳои рақамӣ, пешниҳоди хатсайрҳои инфиродӣ, тарҷумаи худкори маълумоти сайёҳӣ, муаррифии ёдгориҳо ба забонҳои гуногун ва таҳлили завқу рафтори сайёҳон замина фароҳам оваранд.
Дар соҳаи маориф низ истифодаи зеҳни сунъӣ метавонад имкониятҳои нав эҷод кунад. Аммо дар ин ҷо масъалаи асосӣ омода намудани насли дорои саводи рақамӣ, тафаккури мустақил ва қобилияти истифодаи масъулиятноки технология мебошад. Маҳз ҳамин ҳадаф бо таъкиди Пешвои миллат дар бораи он ки «танҳо дар заминаи маорифи фаъолу фарогир ва пешрав» метавон дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи шоиста пайдо кард, ҳамоҳанг мебошад.
Қабули қатъномаи нав дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти рамзӣ ва сиёсӣ дорад. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон марҳилаҳои муҳимми давлатсозӣ, таҳкими сулҳу субот ва рушди иқтисодию иҷтимоиро тай намуд. Имрӯз дар баробари ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва таъмини рушди устувор, ворид шудан ба фазои нави технологӣ низ аз вазифаҳои асосии давлат ва ҷомеа мебошад. Истиқлолияти давлатӣ ба мо имконият медиҳад, ки дар баробари истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ, роҳи рушди рақамии худро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ муайян намоем. Имрӯз ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар фазои сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳамзамон, дар фазои рақамӣ ва иттилоотӣ низ аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад. Аз ин рӯ, ташаббуси Тоҷикистон дар масъалаи зеҳни сунъӣ ҳамчун ҷузъи сиёсати дарозмуддати кишвар барои ворид шудан ба иқтисоди рақамӣ, ташаккули ҷомеаи донишбунёд ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар низоми нави ҷаҳонии технологӣ арзёбӣ мешавад.
Ҷойи шубҳа нест, ки зеҳни сунъӣ ба яке аз неруҳои пуриқтидори рушди инсоният табдил меёбад. Аммо натиҷаи ин раванд аз он вобаста аст, ки мо ин технологияро бо кадом ҳадаф ва бо кадом меъёр истифода мебарем. Агар зеҳни сунъӣ ба рушди инсон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо, таҳкими сулҳу субот, рушди устувор, пешрафти илм ва маориф ва беҳтар гардидани сифати зиндагӣ хизмат кунад, он метавонад ба як дастоварди бузурги тамаддуни муосир табдил ёбад. Аммо агар технология аз масъулияти инсонӣ ҷудо шавад, метавонад мушкилоти наверо ба вуҷуд оварад. Аз ин рӯ, сухан дар бораи интихоби байни «инсон ё технология» нест. Масъала дар интихоби «технология ба хотири инсон» мебошад.
Қабули қатъномаи нав аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳад, ки ғояи пешниҳодии Тоҷикистон аҳамияти танҳо миллӣ ё минтақавӣ надорад. Он ба яке аз ниёзҳои воқеии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавоб медиҳад, яъне эҷоди муҳити технологие, ки дар он пешрафт бо масъулият, навоварӣ бо амният ва имконият бо арзишҳои инсонӣ ҳамоҳанг бошад. Аз ин нигоҳ, ташаббуси Тоҷикистонро метавон идомаи мантиқии сиёсати ташаббускоронаи кишвар дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ арзёбӣ кард. Тоҷикистон масъалаҳои муҳимми рӯзномаи ҷаҳониро дастгирӣ намуда, барои пайдо кардани роҳҳои ҳалли онҳо саҳм гузорад.
Бовар дорем, ки аз соли 2027 минбаъд 31 август барои ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад ба фурсате табдил ёбад, ки давлатҳо, ҷомеаи илмӣ, соҳибкорон, омӯзгорон, журналистон ва шаҳрвандон аз худ бипурсанд, ки мо зеҳни сунъиро барои чӣ месозем ва онро ба кадом самт равона мекунем? Ҷавоби дуруст ҳам ин аст, ки технология бояд ба инсон хизмат кунад, на инсон ба технология. Ва маҳз дар ҳамин нуқта моҳияти ташаббуси Тоҷикистон аён мегардад. Ин ташаббус дар бораи ояндаи инсон, масъулияти давлатҳо, амнияти иттилоотӣ, рушди устувор ва ҳуқуқи наслҳои оянда ба зиндагӣ дар ҷаҳони бехатару боэътимод мебошад. Албатта, барои кишвари мо ин ташаббус ҳамзамон уҳдадории нав низ ҳаст, ки аз рушди иқтисоди рақамӣ ва суръат бахшидан ба инноватсия дар дохили кишвар, омода намудани кадрҳои соҳибмаърифат, баланд бардоштани маърифати рақамӣ ва фарҳанги иттилоотии ҷомеа, дар сатҳи байналмилалӣ саҳми худро дар ташаккули меъёрҳои одилона ва масъулиятноки истифодаи технологияҳои навин идома додан иборат мебошад.
Ояндаи Тоҷикистон бояд ояндаи ҷомеаи донишбунёд, иқтисоди рақамӣ, маорифи муосир ва журналистикаи касбие бошад, ки технологияи навро ба хотири пешрафти инсон ва ҷомеа истифода мебарад. Қабули қатъномаи нав дар Созмони Милали Муттаҳид собит кард, ки Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои бузурги ҷаҳонӣ мавқеи фаъоли худро пайгирона тақвият медиҳад. Вазифаи мо истифодаи имкониятҳои он барои сохтани ҷомеаи рақамии бехатар, донишбунёд ва инсонмеҳвар аст.
Носирҷон Маъмурзода,
номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ НАВИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД МАВҚЕИ ФАЪОЛУ СОЗАНДАИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ГЛОБАЛӢ ТАСДИҚ МЕКУНАД
