Имрӯз бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи амалии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷаласаи онлайнӣ баргузор гардид, ки дар он ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат иштирок намуд.
Ҳадафи асосии ҷаласа муайян намудани сатҳи донистани забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва баррасии роҳҳои тақвият бахшидани омӯзиши ин забонҳо арзёбӣ гардид.
Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, истифодаи усулҳои муосири омӯзиши забонҳои хориҷӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди малакаҳои забондонии донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки дар шароити муосир донистани забонҳои хориҷӣ яке аз омилҳои муҳими рушди зеҳнӣ ва касбии ҷавонон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи донистани забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои омодасозии мутахассисони баландихтисос, рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат аҳамияти муҳим дорад.