
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат ва давлат арзиши олии сиёсӣ, ҳуқуқӣ, таърихӣ ва маънавӣ хосса дорад. Маҳз соҳибистиқлолӣ заминаи воқеии таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини рушди мустақилонаи ҷомеаро фароҳам меорад. Дар шароити истиқлолият давлат имконият пайдо мекунад, ки самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷӣ, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин ҳифзу густариши арзишҳои миллӣ ва фарҳангии худро мустақилона муайян ва амалӣ намояд.
Барои мардуми тамаддунофари тоҷик соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо рӯйдоди муҳими таърихӣ, балки оғози марҳилаи нави таҳкими давлатдории миллӣ ва дигаргунсозиҳои бунёдии иҷтимоию иқтисодӣ гардид. Истиқлолият барои кишвар имконият фароҳам овард, ки дар заминаи таҳкими пояҳои давлатдорӣ, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ роҳи мустақили рушди худро интихоб намояд.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 эълон гардид, ки он дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун рӯйдоди муҳимми сиёсӣ ва таърихӣ мақоми хосса дорад. Ба даст овардани соҳибистиқлолӣ барои халқи тоҷик имконияти воқеии таърихӣ фароҳам овард, ки давлатдории миллии худро дар шароити нави сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҳким бахшида, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷиро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ мустақилона муайян ва амалӣ намояд. Истиқлолият ҳамзамон барои ташаккули низоми нави давлатдорӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, қабули Конститутсия, бунёд ва такмили ниҳодҳои асосии давлатӣ ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии рушди ҷомеа аҳаммияти сарнавиштсоз дорад.
Бо вуҷуди аҳаммияти бузурги таърихии соҳибистиқлолӣ, солҳои аввали истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун марҳилаи мураккаб ва пур аз озмоишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ арзёбӣ мегарданд. Дар ин давра тағйироти бунёдӣ дар низоми сиёсиву иқтисодӣ, канда шудани робитаҳои анъанавии иқтисодӣ, коҳиш ёфтани иқтидори истеҳсолӣ, шиддат гирифтани буҳрони иҷтимоию иқтисодӣ ва оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба рушди иқтисоди миллӣ ва фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт таъсири назарраси манфӣ расониданд. Дар натиҷа, ҳаҷми истеҳсолот ва фаъолияти иқтисодӣ коҳиш ёфта, вазъи бозори меҳнат, сатҳи шуғли аҳолӣ ва некуаҳволии иҷтимоии шаҳрвандон зери таъсири омилҳои номусоиди дохилию берунӣ қарор гирифтанд.
Бо вуҷуди мушкилоту озмоишҳои сангини давраи аввалини соҳибистиқлолӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист тавассути таҳкими асосҳои давлатдорӣ ва фароҳам гардидани фазои сулҳу субот ҳамчун омили калидии таҳкими давлатдорӣ барои татбиқи ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ, барқарорсозии иқтидори истеҳсолӣ, рушди соҳаҳои афзалиятнок ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Дар раванди таҳкими Истиқлолияти давлатӣ барқарор намудани сулҳу суботи сиёсӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ аҳаммияти калидӣ касб намуд. Сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳамчун муҳимтарин омили таҳкими пояҳои давлатдорӣ барои барқарорсозии иқтисоди миллӣ, ташаккули муҳити мусоиди сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ заминаи воқеӣ фароҳам оварданд. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки суботи сиёсӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ аз омилҳои бунёдии таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва татбиқи самараноки ҳадафҳои стратегии давлат ба шумор меравад.
Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи мураккабу пуршарафи ташаккул ва таҳкими давлатдории миллиро тай намуд. Дар ин давра низоми идоракунии давлатӣ ва заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти ҷомеа такмил ёфта, ниҳодҳои асосии давлатдорӣ таҳким пайдо карданд. Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшида, муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои иқтисодии худро бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ густариш дод. Ин равандҳо барои таҳкими мавқеи сиёсӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар аҳаммияти муҳим доранд.
Яке аз натиҷаҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ташаккул ва таҳкими асосҳои иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, рушди шаклҳои гуногуни моликият, ташаккули муҳити рақобатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ барои дигаргунсозии сохтории иқтисодиёт ва рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат заминаи нав ба вуҷуд оварданд. Дар ин замина, фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ ҳамчун унсурҳои муҳимми иқтисоди миллӣ рушд намуда, саҳми онҳо дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулот, пешниҳоди хизматрасониҳо ва таъмини шуғли аҳолӣ тадриҷан афзоиш ёфт.
Дар сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат ҳамчун самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодӣ муайян гардиданд. Татбиқи пайдарпайи ин ҳадафҳо барои рушди инфрасохтори иқтисодӣ, таҳкими иқтидори истеҳсолӣ, истифодаи самараноки захираҳои миллӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави рушди минтақаҳои кишвар мусоидат намуд. Аз ин лиҳоз, ҳадафҳои стратегии миллӣ дар маҷмуъ ҳамчун воситаи муҳимми татбиқи сиёсати рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии давлат баромад менамояд.
Дар шароити соҳибистиқлолӣ рушди инфрасохтори иқтисодию иҷтимоӣ ба самти муҳими сиёсати давлатӣ мубаддал гардида, барои таҳкими фазои ягонаи иқтисодӣ, рушди ҳамгироии минтақаҳо ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Бунёд ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард, нақбҳо, пулҳо ва дигар иншооти муҳими нақлиётӣ ба беҳтар гардидани робитаҳои дохиливу хориҷии иқтисодӣ ва тавсеаи имкониятҳои ҳамкории минтақаҳои мамлакат мусоидат намуд. Рушди инфрасохтор дар баробари беҳтар намудани шароити ҳаракати аҳолӣ ва боркашонӣ, барои рушди савдо, соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва ташаккули фазои ягонаи иқтисодӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисоди миллӣ, соҳаи энергетика дар низоми рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи стратегӣ дошта, ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ мегардад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ рушди соҳаи энергетика ба омили муҳими таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди устувори иқтисоди миллӣ табдил ёфт. Дар ин раванд истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, бунёд ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ, инчунин рушди инфрасохтори интиқол ва тақсимоти неруи барқ ба беҳтар гардидани таъминоти энергетикии иқтисодиёт ва аҳолӣ мусоидат намуд.
Тавсеаи иқтидорҳои энергетикӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои энергетикӣ барои рушди истеҳсолоти саноатӣ, густариши фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва беҳтар намудани шароити иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ аҳаммияти муҳим дорад. Аз ин рӯ, рушди соҳаи энергетика дар давраи соҳибистиқлолӣ на танҳо ҳамчун самти муҳими таъмини амнияти энергетикии кишвар, балки ҳамчун омили таҳкими иқтидори истеҳсолӣ, рушди иқтисодии минтақаҳо ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ аҳаммияти стратегӣ касб намудааст.
Дар маҷмӯъ, 35 соли истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи муҳими таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ташаккули низоми иқтисодии миллӣ ва фароҳамсозии заминаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин давра кишвар бо як қатор таҳаввулоти мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида, тавассути татбиқи ислоҳоти институтсионалӣ ва иқтисодӣ, таҳкими суботи сиёсӣ ва густариши ҳамкориҳои дохиливу хориҷӣ барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ заминаҳои заруриро ба вуҷуд овард.
Натиҷаҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки истиқлолияти давлатӣ дар ташаккули низоми мустақили идоракунии давлатӣ, рушди инфрасохтори иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими иқтидори истеҳсолӣ ва фароҳамсозии имкониятҳои нави рушди минтақаҳо нақши муҳим дорад.
Ҳамин тариқ, таҷрибаи 35-солаи Истиқлолияти давлатӣ нишон медиҳад, ки соҳибистиқлолӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун заминаи муҳимми таҳкими давлатдории миллӣ имкониятҳои васеъро ҷиҳати муайян ва татбиқи самтҳои мустақили рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ фароҳам овардааст. Дар ин давра рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори истеҳсолӣ, такмили инфрасохтори иқтисодию иҷтимоӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои миллӣ ба самтҳои афзалиятноки сиёсати рушди давлат табдил ёфта, дар ташаккули заминаҳои рушди минбаъдаи кишвар нақши муҳим гузоштаст.
Насруллоев Маҳмадулло,
омӯзгори факултети менеҷмент ва идораи сайёҳии ДДБ
