-
Ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе
«Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии комил дорад, ки ба номи Ватан ва пойтахти он-шаҳри Душанбе ифтихор дошта бошад, зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик ва ягонагии ормонҳои тоҷикон мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Боиси ифтихор аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ кишварамон дар ҳама соҳаҳо бо комёбиҳои назаррас ноил гардид. Шаҳри Душанбе пойтахти тоҷикони ҷоҳон зебою дилоро шуд.
Имрӯз бо табиати зебои худ дили ҳазорон шаҳрвандони хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Бо ворид шудан ба шаҳр ҳар шахс метавонад, исботи ин гуфтаҳоро пайдо кунад. Ҳар меҳмон ё сайёҳи хориҷие, ки ба Тоҷикистон меояд, пеш аз ҳама, кӯчаву хиёбонҳо, майдону гулгаштҳо, осорхонаҳои таърихию фарҳангӣ, бозору мағозаҳо, ҳамчунин муносибату рафтор ва муомилаи сокинони пойтахтро дидаву омӯхта, аз рӯйи он ба таъриху фарҳанги миллати мо баҳо медиҳад.
Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар ироаи Пайёми худ ба Маҷлиси Олӣ қайд мекунанд, ки барои боз ҳам зебо гардидани кишвари мо, бахусус пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ҳар як фарди тоҷик сахмгузор бошад.
Маҳз бо ташаббус ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва заҳматҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти ҷумҳурии азизамон шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз ободу зебо гашта, дили тамоми ҷаҳониёнро тасхир намудааст.
Душанбе ба ҳайси даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини ҷаҳон ворид гашта, макони баргузории бузургтарин ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, ҷаласаҳои барномаҳои ҳамкории СММ, СҲШ, САҲА, СААД, давлатҳои дораи эътимод ва тадбирҳои Осиё, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, конференсияҳои сатҳи баланди марбути обу-экология ва дигар нишасту конференсияҳои байналмиллалӣ мебошад.
Душанбеи имрӯза, ки аз зебоиаш меҳмонон ангушти ҳайрат мегазанд, шаҳри бостониву таърихӣ аст. Аввалин қайдҳои таърихӣ оид ба мавҷудияти деҳаи Душанбе солҳои 1676 ба амал бароварда шудааст.
Душанбе соли 1925 ҳамчун пойтахти Тоҷикистони Шуравӣ ба худ мақоми шаҳрро гирифт ва аз соли 1929 то 1961 Сталинобод ном дошт. Аз соли 1961 дубора Душанбе номгузорӣ шуд.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асосии бозсозии Душанбе дар даврони истиқлолият гузошта шуд.
Аз рӯзҳои аввали ба қудрат омадани Пешвои миллат дар пойтахти кишвари азизамон ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз гашт. Нақшаҳои ояндасозонаи Пешвои миллатамонро Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар амал татбиқ карда, Душанберо дар як муддати кӯтоҳе ба гулшаҳри афсонавии минтақа табдил доданд.
