Имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав семинар-машварати омӯзиши вобаста ба мавзуи «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» барои донишҷӯён, аспирантҳо, унвонҷӯён ва омӯзгорон баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва илмии иштирокчиён дар самти моликияти зеҳнӣ, ҳифзи ихтироот ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ роҳандозӣ шуд.
Ҷамъомад бо сухани ифтитоҳии Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия оғоз гардид.
Дар ҷараёни семинар Сорбони Саидҷалол, сардори Раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатӣ, дар мавзуи «Моликияти зеҳнӣ ва низоми бақайдгирии давлатии он» маърӯза намуд. Зикр гардид, ки ҳифзи моликияти зеҳнӣ яке аз омилҳои муҳими рушди фаъолияти илмӣ ва ихтироъкорӣ ба шумор меравад.
Дар семинар Шарифов Соатулло, корманди Раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатӣ, дар бораи тартиби таҳия ва пешниҳоди ариза барои гирифтани патент ва нахустпатент маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Ҳамчунин Ҳ.Сафаралиев, ходими калони илмии Раёсати иттилооти илмӣ-техникӣ ва патентӣ, зимни баромади худ оид ба тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмӣ ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ суханронӣ намуд.
Дар анҷоми семинар миёни иштирокчиён мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб сурат гирифта, иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

