Имрӯз дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-102-и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳимояи диссертатсияи Аминзода Ғунчагул Раҳматулло, унвонҷӯи кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи «Ташаккули салоҳиятҳои таҳқиқотии хонандагон мавриди таълими физикаи синфҳои 7-9 дар МТМУ», зери роҳбарии Раҷабов Тағоймурод Бобоқулович, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ доир шуд.
Диссертатси барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3.4 – Назария ва методикаи таълиму тарбия (фанҳои табиӣ-риёзӣ, зинаи таҳсилоти умумӣ) (5.3.4.2 – Назария ва методикаи таълими физика) пешбинӣ мешавад.
