Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мусобиқаи волейбол байни омӯзгорони факултетҳо баргузор гардид.
Дар маросими кушодашавии мусобиқа Ширинзода Муҳиддин Исмоил, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, Шарипов Маҳмадкарим, раиси Иттифоқи касабаи донишгоҳ ва Нурализода Наргис, муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия иштирок ва суханронӣ намуданд.

