Дар бинои нави хобгоҳи донишҷӯёни донишгоҳ бахшида ба “Ҳафтаи ҷавонон” таҳти шиори «Донистани забон — роҳи шинохти ҷаҳон» чорабинии адабӣ-маърифатӣ бо иштироки донишҷӯёни истиқоматкунандаи хобгоҳ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур аз ҷониби омӯзгори кафедраи методикаи педагогика ва психологияи забон ва адабиёти рус Г. Алихонова ташкил ва баргузор карда шуд.
Донишҷӯён бо шавқу рағбат маърӯзаро оид ба нақши забони русӣ дар арсаи байналмилалӣ ва мавқеи он дар низоми забонҳои ҷаҳон шуниданд. Ҳамчунин онҳо бо китобҳои илмӣ ва адабии солҳои охир нашршуда шинос гардиданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ донишҷӯён аз осори манзуми классикони адабиёти руси асри XIX порчаҳо қироат намуданд.

