Имрӯз Қосимзода Лутфия, докторанти PhD-и кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав ҳамчун муассисаи пешбар дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баромад намуд.
Докторант дар мавзуи «Барқароршавӣ ва рушди хоҷагии роҳҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1924-1990)», зери роҳбари илмӣ профессор Халилзода Д.Х. оид ба таърихи рушди роҳҳои минтақаи номбурда таҳқиқоти илмӣ ба анҷом расидааст.
Мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дотсент Сайнаков С.П. оид ба рисола маъруза намуд. Исмоилов Ё., н.и.т., дотсент, мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, Ғуломшоев С., н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик, Зубайдуллозода С., доктори фалсафа аз рӯйи ихтисоси таърих, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик ба музокира баромада, оид ба рисолаи илмӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
