Имрӯз Саъдуллозода Шамсулло Саъдулло, унвонҷӯи кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамчун муассисаи пешбар дар кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ диссертатсияи илмии худро дар мавзуи “Методикаи фаъолгардонии донишҷӯён ҳангоми ташкилу гузаронидани машғулиятҳои озмоишӣ дар раванди таълими физика барои ихтисосҳои омӯзгории МТОК”, зери роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, Холзода Мӯъмин баргузор гардид.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3.10. Назария ва технологияи таҳсилоти касб (фанҳои табиӣ-риёзӣ), 5.3.10.2. Назария ва технологияи таълими физика мебошад.
