Имрӯз дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳокими шаҳри Алмаато Дархан Амангелдиевич Сатыбалды расман оғоз гардид.
Чорабинии мазкур рӯзҳои 27–28 июн бо мақсади муаррифии имкониятҳои содиротии вилояти Хатлон, густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин ҷалби сармоя ва пайдо намудани бозорҳои нави фурӯши маҳсулоти ватанӣ баргузор мегардад.
Дар доираи намоиш-фурӯш зиёда аз 1050 тонна маҳсулоти кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Алмаато пешниҳод шудааст. Аз ҷумла, пиёз, картошка, лаблабуи сурх, карам, шалғам, помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ, тарбуз, харбуза, олу, дигар навъҳои меваю сабзавоти тару тоза ва инчунин меваҳои хушк бо сифати баланд ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шудаанд.
Бахши муҳими намоишро муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти нонӣ ташкил медиҳад. Дар ин самт ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо дастгирии Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон, сохторҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо беҳтарин намунаҳои ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, сабадбофӣ ва дигар маҳсули ҳунари мардумиро пешкаши меҳмонон намудаанд.
Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ барномаи фарҳангии рангин бо иштироки санъаткорону ҳунармандони вилояти Хатлон баргузор гардида, суруду таронаҳои миллӣ, рақсҳои мардумӣ ва дигар барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмиро миёни мардумони ду кишвар таҳким мебахшанд.
Дар ҷараёни ифтитоҳи намоиш-фурӯш таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангии Тоҷикистону Қазоқистон аҳаммияти муҳим дошта, ба афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, муаррифии иқтидори истеҳсолии вилояти Хатлон ва ҷалби сармоягузорон мусоидат менамояд.
Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон дар шаҳри Алмаато ҳамчун як майдони муҳими муаррифии имкониятҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии вилоят арзёбӣ гардида, барои рушди ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвари дӯст ва ҳамсоя заминаи мусоид фароҳам месозад.
Намоиш-фурӯши имрӯза рамзи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни минтақаҳо ва кишварҳои Тоҷикистону Қазоқистон мебошад.
Вилояти Хатлон ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Алмаато маҳсулоти тозаву аз ҷиҳати экологӣ безарари кишоварзӣ ва беҳтарин намунаҳои ҳунарҳои мардумиро, ки таҷассумгари фарҳанги ғанӣ ва анъанаҳои қадимаи миллати тоҷик мебошанд, пешниҳод намудааст.
НАМОИШ-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ АЛМААТОИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН ОҒОЗ ГАРДИД
