
Доштани Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳи сартосарӣ барои ҳар як давлату миллат хело зарур ва муҳим ба шумор меравад. Чунки дар зери ливои истиқлолу сулҳ давлатҳо метавонанд сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро муайян намуда, инкишофу рушд диҳанд. Таҷрибаи давлатҳои дунё нишон медиҳанд, ки дар ягон давру замон дар натиҷаи ба вуқӯъ пайвастани низоъҳои дохилӣ ва беруни давлатҳо рушд ва пешрафт накардаанд. Вазъи кунини сайёра низ сулҳи сарторсарии давлатҳои дунёро талаб менамояд.
Маҳз вазъияти мураккаби замони муосирро ба инобат гирифта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, 2027-2036»-ро ҳанӯз 24 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуда буданд. Дар ин суханрони ӯ аз давлатҳои аъзои СММ даъват кард, ки қатъномаи махсус дар бораи эълони ин даҳсола қабул намоянд.
Хурсандиовар аст, ки доир ба пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036», шоми 25 июни соли 2026 қабул гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» қайд намуданд: “Қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд”. Албатта ҳаминро бояд гуфт, ки аъзоёни СММ зарурияти қатъномаи мазкурро хело хуб дарк намуданд ва эҳсос карданд, ки бо қабули қатънома ва дар ҳоли амали гардидани меъёрҳои он метавонанд ба таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа ҷаҳонӣ саҳми хубе дошта бошанд.
Ҳамчунин, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Паёми шодбоши худ қайд намуданд, ки: “Санади мазкур аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд.
Вобаста ба ин, мо бояд дар навбати аввал ба наврасону ҷавонон, ки созандагони ҷаҳони фардо мебошанд, омӯзонем, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест.
Сулҳ фарҳанг аст.
Сулҳ масъулият аст.
Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст.
Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст”. Дар ин росто метавон гуфт, ки меъёрҳои қатъномаи мазкур натанҳо барои хотима додани низоъҳои минтақавию байналмилалӣ имкониятҳо ва созишҳоро ба миён меоварад балки равобити дипломатӣ, ҳамкориҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва умуман дӯстию рафоқатро миёни давлатҳои дунё мустаҳкам месозад.
Ҳамин нуқтаро низ бояд қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонро бо мақсади беҳ намудани зиндагии мардумони сайёра пешниҳод менамояд ва хушбахтона ташаббусҳои пешниҳодгардида якдилона аз ҷониби аъзоёни СММ қабул ва ҷонибдори карда мешаванд. Ташаббус ва пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро то ба имрӯз ба СММ чунин тақсимбанди намудан мумкин аст:
1. «Соли байналмилалии оби тоза» (2003).
2.«Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (2005–2015).
3.«Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013).
4.«Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018–2028),
5.«Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (2025).
6.«Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосфера» (2025–2034) ва билохира
7.«Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянд» (2027–2036).
Метавон гуфт, ки пешниҳодҳо барои ҳалли масъалаҳои глобалии об, ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, рушди устувор ва таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ саҳми арзишманд гузошта истодаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин ташаббус ва пешниҳоди худ бори дигар исбот намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви бевоситаи Созмони Милали Муттаҳид пайваста дар пайи таҳким бахшидани ҳамкориҳои бисёрҷониба ва таъмин намудани сулҳу субот ва адолати одилона дар кулли сайёраи замин мебошад.
Самандар Раҷабализода,
номзади илмҳои сиёсӣ, саромӯзгори факултети сиёсат ва идораи давлатӣ ДДБ ба номи Носири Хусрав
