Имрӯз дар кафедраи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пешдифои диссертатсияи Шерализода Гулмурод Шералӣ, унвонҷӯи кафедра дар мавзуи «Методикаи омӯзиши функсияҳои тригонометрӣ бо истифода аз технологияи муосир дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ», зери роҳбарии профессор А. Сатторов доир гардид.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3.4.1 — Назария ва методикаи таълими математика пешбинӣ мешавад.

