Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Дар нишаст Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини ректор оид ба таълим натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2026-ро ҷамъбаст намуда, доир ба самтҳои афзалиятноки рушди таълим, илм, тарбия ва ҳамкориҳои байналмилалӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Зикр гардид, ки дар назди донишгоҳ Институти илмӣ-таҳқиқотии табиатшиносӣ ва техникӣ, маркази «Мавлоношиносӣ», литсей, маркази касбомӯзӣ дар ноҳияи Хуросон ва мавзеи таълимию таҷрибавии «Зағертут» фаъолият менамоянд. Барои иҷрои босифати барномаҳои таълимӣ донишгоҳ дорои 41 кабинети фаннӣ, 25 озмоишгоҳ, 2 синфхонаи лингафонӣ, 4 толори хониш, 2 толори варзишӣ, 8 майдони варзишӣ ва як маҷмааи муосири варзишӣ мебошад. Танҳо дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ шумораи озмоишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта се адад зиёд шудааст.
Дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ зиёда аз 1000 компютер, 303 тахтаи электронӣ, проекторҳо ва пардаҳои проексионӣ, инчунин 45 смартэкран мавриди истифода қарор доранд. Дар назди факултети филологияи тоҷик студияи таълимӣ-таҷрибавӣ фаъол буда, дар омода намудани мутахассисони соҳаи рӯзноманигорӣ саҳми назаррас мегузорад.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, айни ҳол дар 45 кафедраи донишгоҳ 680 нафар омӯзгор фаъолият мекунанд, аз ҷумла 2 академик, 26 доктори илм ва профессор, 227 номзади илм ва дотсент, инчунин 425 саромӯзгор ва ассистент. Шумораи донишҷӯён ба ҳолати моҳи июни соли ҷорӣ ба 18 ҳазору 505 нафар расида, 222 нафар дар зинаи магистратура таҳсил доранд.
Дар донишгоҳ 415 нафар ҷавонон тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд ва 10 нафар ба гирифтани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардидаанд. Дар соли ҷорӣ 63 нафар донишҷӯён донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуданд. Ҳамзамон, 460 нафар донишҷӯ аз табақаҳои ниёзманд, аз ҷумла ятимон, нимятимон ва шахсони имконияташон маҳдуд, таҳти дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии раёсати донишгоҳ қарор доранд.
Дар самти илм ва инноватсия нишондиҳандаҳо назаррас арзёбӣ шуданд. Танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2026, 21 нафар омӯзгор рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро бо муваффақият дифоъ намудаанд. Потенсиали илмии донишгоҳ ба 37,5 фоиз расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 фоиз афзоиш ёфтааст.
Омӯзгорони донишгоҳ дар соли 2026 дар маҷмӯъ 3400 номгӯи маводи илмӣ-таҳқиқотӣ, аз ҷумла 29 монография, 5 китоби дарсӣ, 898 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда ва РИНЦ, 1053 мақола дар конференсияҳои байналмилалӣ, 698 мақола дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва 751 мақола дар конференсияҳои дохилидонишгоҳӣ ба нашр расонидаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар донишгоҳ 57 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 2 конференсияи байналмилалӣ, 3 конференсияи ҷумҳуриявию вилоятӣ, 2 конференсияи умумидонишгоҳӣ ва 50 мизи мудаввар баргузор гардиданд. Ҳамчунин, дар назди донишгоҳ панҷ Шурои диссертатсионӣ амал намуда, дар шаш моҳи аввали сол 16 нафар рисолаҳои илмии худро дар ин шуроҳо дифоъ кардаанд.
Китобхонаи донишгоҳ дорои 270 ҳазору 730 нусха китоб буда, барои омӯзгорону донишҷӯён хизмат мерасонад. Дар самти робитаҳои байналмилалӣ донишгоҳ бо 50 муассисаи таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ дошта, танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ 11 созишнома ва ёддошти тафоҳум бо муассисаҳои хориҷӣ ба имзо расонидааст. Бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ зиёда аз 37 конференсия ва семинари байналмилалӣ ба таври онлайн баргузор гардидааст.
Дар доираи барномаҳои табодули академӣ 10 нафар омӯзгор ба донишгоҳҳои хориҷӣ сафарбар шуда, 80 нафар аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд. Марказҳои омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва кореягӣ низ дар назди донишгоҳ фаъолият доранд.
Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, рушди илми ватанӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир талош менамоянд ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзандаи илмию таълимӣ истиқбол хоҳанд гирифт.

