Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирии ҷиноятҳо ва таҳкими волоияти қонун» баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадафи он таҳлилу баррасии масъалаҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат, пешгирии ҷинояткорӣ, мубориза бо коррупсия, терроризму экстремизм, қочоқ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни ноболиғону ҷавонон буд.
Конференсияро сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, генерал-майори адлия Аваззода Шараф ифтитоҳ намуда, вобаста ба аҳаммияти Истиқлолияти давлатӣ дар ташаккул ва рушди низоми ҳуқуқии кишвар, таҳкими волоияти қонун ва таъмини тартиботу амнияти ҷомеа андешаронӣ кард.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони фароҳам овард, ки сиёсати мустақилонаи давлатӣ дар тамоми самтҳо, аз ҷумла дар соҳаи ҳуқуқ, пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ амалӣ карда шавад. Имрӯз таҳкими волоияти қонун, эҳтиром ба арзишҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамчун яке аз омилҳои муҳими рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд арзёбӣ мегардад.
Дар идомаи конференсия сардори шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, майори адлия Абдулозода Дилшод дар мавзуи «Воситаҳои муҳими пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ» маърӯза намуда, доир ба нақши корҳои пешгирикунанда, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва ташаккули муносибати оштинопазир нисбат ба ҳама гуна зуҳуроти коррупсионӣ андешаронӣ кард.
Сипас, ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мушовири адлияи дараҷаи 1 Шаҳидуллозода Озар дар мавзуи «Назорати иҷрои қонунҳо – василаи муҳими пешгирии ҷиноятҳо» суханронӣ намуда, аҳаммияти риояи ҳатмии талаботи қонунгузорӣ ва нақши мақомоти дахлдорро дар пешгирӣ намудани омилу сабабҳои содиршавии ҷиноятҳо муҳим арзёбӣ намуд.
Масъалаи мубориза бо таҳдидҳои муосир низ дар меҳвари таваҷҷуҳи иштирокчиёни конференсия қарор дошт. Аз ҷумла, сардори шуъбаи мубориза ба терроризми Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, подполковник Исломзода Фирӯз дар мавзуи «Роҳҳои пешгирии гаравиши ҷавонон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ» маърӯза карда, доир ба роҳҳои пешгирии таъсири гурӯҳу ташкилотҳои ифротӣ ба ҷавонон, аҳаммияти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва зиракии сиёсӣ ибрози назар намуд.
Дар идома сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, подполковники милитсия Нусратзода Анвар дар мавзуи «Чораҳои муҳими пешгирии содиршавии ҷиноятҳо дар самти ноболиғон» баромад карда, масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавононро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Ҳамчунин, сарнозири шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ, майори хадамоти гумрук Назаров Сафар дар мавзуи «Тарз ва усулҳои пешгирии содиршавии ҷиноятҳо дар самти қочоқ» суханронӣ намуда, оид ба роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои марбут ба қочоқ маълумот пешниҳод кард.
Мавзӯи мубориза бо нашъамандӣ ва пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар низ аз масъалаҳои муҳими конференсия буд. Нозири калон оид ба супоришҳои махсуси Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, лейтенанти хизмати назорати маводи нашъаовар Латифзода Носир дар мавзуи «Воситаҳои пешгирии нашъамандӣ миёни ҷавонон ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар» маърӯза намуда, ба масъалаи ҳифзи ҷавонон аз ин падидаи хатарнок таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард.
Зимни конференсия таъкид гардид, ки пешгирии ҷинояткорӣ танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, дар ин раванд ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои таълимӣ, волидон ва ҳар як шаҳрванди кишвар бояд саҳми худро гузоранд. Маҳз ҳамкории мутақобилаи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа метавонад барои пешгирии омилҳои ҷинояткорӣ, ҳифзи ҷавонон аз таъсири падидаҳои номатлуб ва таҳкими фазои солими ҷомеа мусоидат намояд.