Дар доираи конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, барои фаъолияти назаррас ва саҳми арзанда дар таҳкими ҳамкориҳои судманд, рушди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо коррупсия аз ҷониби Аваззода Шараф, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар бо медали «Барои ҳамкорӣ» сарфароз гардонида шуд.
Қадрдонии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ бо медали «Барои ҳамкорӣ» нишони эътирофи фаъолияти пайваста ва саҳми ӯ дар густариши ҳамкориҳои байниидоравӣ ба ҳисоб рафта, барои коллективи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ мояи ифтихор мебошад.

