
Истиқлоли давлатӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии ҳар як миллат, заминаи асосии таъмини соҳибихтиёрии сиёсӣ, ташаккули давлатдории миллӣ ва муайян намудани самтҳои мустақили рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Барои миллати тоҷик ба даст овардани истиқлоли давлатӣ на танҳо маънои соҳибихтиёрии сиёсиро дошт, балки оғози марҳилаи нави эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносии шаҳрвандӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқию институтсионалӣ барои рушди минбаъдаи кишвар гардид.
9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли давлатии худро эълон намуда, ба марҳилаи нави таърихии давлатсозӣ ворид гардид. Соҳибистиқлол гардидани кишвар барои ташаккули ниҳодҳои мустақили давлатӣ, таҳияи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дар асоси манфиатҳои миллӣ, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва иштироки фаъол дар равандҳои минтақавию ҷаҳонӣ имкониятҳои нав фароҳам овард. Дар ин давра масъалаи ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии давлатдории муосир ба яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ табдил ёфт.
Истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар рушди минбаъдаи Тоҷикистон марҳилаи муҳим ба ҳисоб рафта, барои гузариш аз муқовимати сиёсӣ ба ҳамкории созанда ва аз буҳрон ба барқарорсозию рушди иқтисодию иҷтимоӣ замина гузошт. Дар натиҷа, имкониятҳои ташаккули ниҳодҳои давлатӣ, такмили низоми идоракунӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва татбиқи барномаҳои дарозмуддати иҷтимоию иқтисодӣ васеъ гардиданд.
Дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ аҳамияти калидӣ пайдо намуд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихи давлатдории муосири кишвар ба шумор рафта, барои муайян намудани асосҳои сохтори давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, принсипҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва самтҳои рушди ҷомеа заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард. Минбаъд низ такмили қонунгузорӣ ва рушди институтҳои давлатӣ ба яке аз омилҳои муҳими таҳкими давлатдории миллӣ табдил ёфт.
Дар тӯли 35 соли Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон марҳилаҳои гуногуни ташаккул ва таҳкими давлатдории миллиро паси сар намуд. Дар ин давра рушди иқтисодӣ, ташаккули инфрасохтори муосир, рушди соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҳамчун самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ мавқеи устувор пайдо карданд. Ҳамзамон, татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ба рушди иқтидори иқтисодии кишвар ва фароҳам овардани заминаҳои рушди дарозмуддат мусоидат намуд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими давраи истиқлол ташаккули сиёсати мустақили иқтисодӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки истифодаи захираҳои миллӣ мебошад. Дар ин замина, диверсификатсияи иқтисодиёт, рушди истеҳсолоти ватанӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ба самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии кишвар табдил ёфтанд.
Дар шароити муосир раванди рушди миллӣ бо тағйироти технологӣ ва рақамикунонии иқтисодиёт алоқамандии мустақим пайдо кардааст. Гузариш ба иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва такмили низоми идоракунии электронӣ метавонанд самаранокии идоракунии давлатӣ ва рақобатпазирии иқтисоди миллиро баланд бардоштанд.
35 – солагии Истиқлоли давлатӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон на танҳо як санаи муҳими миллӣ, балки имконияти арзёбии натиҷаҳои рушди давлатдорӣ, таҳлили дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди минбаъда мебошад. Таҳлили таҷрибаи 35-солаи истиқлол нишон медиҳад, ки таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ бо ҳамдигар робитаи ногусастанӣ доранд.
Дар марҳилаи нави рушди кишвар масъалаи баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, таҳкими иқтидори истеҳсолӣ, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ, ташаккули иқтисоди ба дониш ва технология асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва истифодаи самараноки захираҳои миллӣ аҳамияти бештар пайдо менамояд. Ҳалли ин масъалаҳо метавонад барои таҳкими минбаъдаи пояҳои иқтисодию иҷтимоии давлат ва баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои минтақавию байналмилалӣ мусоидат менамояд. Дар ин давра заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии давлатдории муосир ташаккул ёфта, барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ имкониятҳои нав ба вуҷуд омаданд. Истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон марҳилаи сифатан нави рушди давлатдориро оғоз намуд. Барқарор гардидани суботи сиёсӣ имконият фароҳам овард, ки захираҳои давлат ва ҷомеа аз ҳалли низоъҳои дохилӣ ба масъалаҳои барқарорсозии иқтисодиёт, рушди иҷтимоӣ, бунёди инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона карда шаванд. Аз ин лиҳоз, сулҳу ваҳдати миллӣ на танҳо дастоварди муҳими сиёсӣ, балки яке аз заминаҳои асосии рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Яке аз самтҳои асосии рушди Тоҷикистон дар давраи истиқлол ташаккули иқтисоди миллии ба талаботи муносибатҳои бозорӣ мутобиқ мебошад. Гузариш ба иқтисоди бозорӣ ислоҳоти институтсионалӣ, ташаккули муҳити соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои истеҳсолию табииро тақозо намуда, дар ин замина, тадриҷан заминаҳои ташаккули модели нави иқтисодӣ ва механизмҳои идоракунии муносибатҳои иқтисодӣ ба вуҷуд омаданд. Дар давоми солҳои истиқлол соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, сохтмон ва нақлиёт ҳамчун самтҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ мавқеи устувор пайдо намуданд. Тақвияти инфрасохтори истеҳсолӣ ва нақлиётӣ, рушди корхонаҳои истеҳсолӣ ва васеъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ба тағйирёбии сохтори иқтисоди миллӣ мусоидат намуданд. Дар баробари ин, зарурати диверсификатсияи иқтисодиёт, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва рушди коркарди ашёи хоми ватанӣ дар марҳилаи муосир аҳамияти бештар пайдо мекунад. Саноатикунонии босуръати кишварро метавон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии давраи муосир арзёбӣ намуд. Ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, коркарди ашёи хом дар дохили кишвар, рушди саноати коркард ва ташаккули занҷираҳои арзиши иловашуда имконият медиҳанд, ки иқтидори истеҳсолии миллӣ тақвият ёфта, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд ва вобастагии иқтисодиёт аз содироти ашёи хом коҳиш ёбад.
Соҳаи Энергетика дар низоми иқтисоди миллии Тоҷикистон мавқеи стратегӣ дошта, рушди он ба таъмини фаъолияти устувори соҳаҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ алоқаманд мебошад. Захираҳои бузурги гидроэнергетикии кишвар имконият фароҳам меоранд, ки истеҳсоли неруи барқи обӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ истифода гардад. Тақвияти иқтидорҳои энергетикӣ метавонад барои рушди саноат, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба неруи барқ ва афзоиши имкониятҳои содиротии кишвар заминаи мусоид фароҳам оварад.Дар дурнамои рушди миллӣ самаранок истифода намудани захираҳои обию энергетикӣ, ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва рушди инфрасохтори энергетикӣ аҳамияти махсус доранд. Ҳамзамон, гузариш ба технологияҳои каммасраф ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия метавонад ба баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва мутобиқшавии иқтисоди миллӣ ба талаботи рушди муосир мусоидат намояд.
Дар шароити ташаккули иқтисоди донишбунёд сармояи инсонӣ ба яке аз омилҳои муайянкунандаи рақобатпазирии давлат табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, рушди маориф, илм ва омодасозии кадрҳои соҳибихтисос дар сиёсати рушди миллии Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад. Истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам овард, ки сиёсати миллӣ дар соҳаи маориф ва илм мутобиқи талаботи рушди ҷомеа ва манфиатҳои дарозмуддати кишвар ташаккул дода шавад.
Дар давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ шабакаи муассисаҳои таълимӣ васеъ гардида, имкониятҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ такмил ёфтанд. Ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди таълим, рушди самтҳои илмҳои табиӣ, дақиқ ва техникӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи омодасозии мутахассисони ҷавон аз равандҳои муҳими ин марҳила ба ҳисоб мераванд.
Дар дурнамои рушди миллӣ баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот, рушди таҳқиқоти илмӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф ҳамчун самтҳои афзалиятнок арзёби карда мешавад. Сармоягузорӣ ба дониш, илм ва малакаҳои касбӣ на танҳо ба рушди иҷтимоӣ, балки ба ташаккули иқтисоди инноватсионӣ ва рақобатпазирии дарозмуддати кишвар мусоидат мекунад.
Истиқлолияти давлатӣ барои эҳё ва рушди арзишҳои миллӣ, густариши фарҳанги миллӣ ва таҳкими худшиносии шаҳрвандӣ имкониятҳои нав фароҳам овард. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои ҳувияти миллӣ ба ҳисоб рафта, ҳифзи мақоми он, такмили фарҳанги истифода ва рушди забон дар муҳити илмӣ, маорифӣ ва ҷамъиятӣ вазифаи муҳими сиёсати фарҳангӣ баҳисоб меравад. Дар баробари забон, омӯзиши таърихи миллат, ҳифзи мероси фарҳангӣ, нигоҳдории ёдгориҳои таърихию меъморӣ ва рушди анъанаҳои миллӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ нақши муҳим доранд. Фарҳанг дар ин замина на танҳо воситаи ҳифзи арзишҳои гузашта, балки омили пайванди наслҳо ва василаи муаррифии иқтидори маънавию фарҳангии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ҷаҳонишавӣ ва густариши босуръати фазои иттилоотӣ барои ҷомеа имкониятҳои васеи дастрасӣ ба дониш, технология ва таҷрибаи ҷаҳониро фароҳам месозад. Ҳамзамон, ин раванд зарурати таҳкими иммунитети маънавию фарҳангӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии муосирро ба миён меорад. Аз ин рӯ, вазифаи муҳими самтҳои иҷтимоию фарҳангӣ аз он иборат аст, ки насли ҷавон ҳамзамон бо азхуд намудани донишҳои муосир ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллӣ эҳтироми амиқ дошта бошад.
Яке аз нишондиҳандаҳои асосии самаранокии рушди давлат сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии аҳолӣ мебошад. Аз ин нуқтаи назар, рушди иқтисодӣ бояд на танҳо бо афзоиши нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, балки бо беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба маориф, тандурустӣ, хизматрасониҳои иҷтимоӣ, манзил ва инфрасохтори замонавӣ арзёбӣ карда мешавад. Дар давраи истиқлолияти давлатӣ рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ мавқеи устувор пайдо кардааст.
Рушди инфрасохтори нақлиётӣ, сохтмони роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ барои беҳтар намудани пайвастагии иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои кишвар аҳамияти муҳим дорад. Тақвияти инфрасохтор, махсусан дар минтақаҳои дорои имкониятҳои баланди истеҳсолӣ ва сайёҳӣ, метавонад ба рушди соҳибкорӣ, зиёд шудани фаъолияти иқтисодӣ ва беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ мусоидат намояд.
Дар баробари дастовардҳои мавҷуда, бозори меҳнат ва таъмини шуғли самараноки аҳолӣ яке аз масъалаҳои муҳими марҳилаи минбаъдаи рушди кишвар боқӣ мемонад. Таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат, рушди соҳибкории хурду миёна, такмили низоми омодасозии кадрҳо ва мутобиқ намудани малакаҳои касбӣ ба талаботи иқтисоди муосир аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҷавонон яке аз захираҳои муҳими стратегии рушди ҷомеа ва давлат ба ҳисоб мераванд. Дар шароити тағйироти технологӣ ва иқтисодӣ сифати сармояи инсонӣ ба яке аз омилҳои асосии рақобатпазирии миллӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, рушди иқтидори зеҳнӣ, касбӣ ва эҷодии ҷавонон бояд ҳамчун самти муҳими сиёсати дарозмуддати рушди миллӣ баррасӣ гардад.Густариши технологияҳои рақамӣ барои ҷавонон имкониятҳои нави таҳсил, фаъолияти илмӣ, соҳибкорӣ ва ҳамкории байналмилалиро фароҳам овардааст. Азхуд намудани малакаҳои рақамӣ, забонҳои хориҷӣ, донишҳои иқтисодӣ ва технологӣ метавонад имкониятҳои иштироки ҷавононро дар иқтисоди муосир васеъ намуда, заминаи ташаккули қувваи кории рақобатпазирро ба вуҷуд оварад.
35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти арзёбии натиҷаҳои давраи гузаштаи давлатсозӣ ва муайян намудани самтҳои стратегии рушди минбаъдаи кишвар мебошад.Дар марҳилаи нави рушди кишвар масъалаи гузариш аз афзоиши миқдории иқтисодӣ ба рушди сифатӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Рушди сифатӣ пеш аз ҳама ба баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат, ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолоти рақобатпазир, баланд бардоштани сатҳи даромади аҳолӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ алоқаманд мебошад.
Ҳамин тариқ, таҷрибаи 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки истиқлолияти давлатӣ заминаи бунёдии ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва пешбурди рушди иҷтимоию иқтисодӣ аҳамияти таърихӣ дорад. Дар ин давра заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии давлатдории миллӣ таҳким ёфта, дастовардҳои назаррас дар рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илму маориф ва инфрасохтор ба даст омаданд. Дар марҳилаи нави рушд татбиқи технологияҳои рақамӣ, рушди иқтисоди донишбунёд, истифодаи самараноки захираҳо ва таҳкими рақобатпазирии миллӣ ҳамчун самтҳои муҳими дурнамои пешрафти устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа касб менамоянд.
Зарифзода Зоир,
н.и.и., дотсент
