Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳимтарин рӯйдодҳои сарнавиштсози миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, тамоми дастовардҳои бузурги таърихиву сарнавиштсози ин даврони саодати миллат, яъне, эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати ҷомеа ва оғози марҳилаи навини рушду тараққиёти кишварамон аз зон сарчашма мегирад. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва саъю талошҳои ватандӯстонаи меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр эътироф гардид. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо мамолики олам густариш ёфт, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили мубрами ҷаҳони муосир нақши пешоҳангӣ бозида истодааст.
Истиқлолият ба оғози марҳилаи рушду тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа, ташаккул ва тақвияти рукнҳои давлатдорӣ, мустаҳкам намудани неруи мудофиавӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу амнияти кишвар заминаи воқеӣ фароҳам оварда, маҳз дар ин давраи бунёдгузории давлатдории миллӣ, мо пеш аз ҳама, ба таъмини сулҳу ваҳдат дар ҷомеа, рушди давлатдории миллӣ, эҳё ва тавсеи иқтисодиёти дар ҳоли рушд ва дигар дастовардҳои муҳим ноил гаштем. Маҳз баъди қабули нахустин Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ, ки ҷиҳати гузоштани гомҳои устувор дар масири давлатсозӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёду демократӣ ва арҷгузор ба арзишҳои башариву қавонини байналмилалӣ эътироф гардид. Аз он ба баъд то имрӯз бо ҳидоятҳои хирадмандонаи Сарвари давлат ва неруи бузургу ояндасози мардуми шарафманди Тоҷикистон мо дар амалӣ гардидани муҳимтарин ва бузургтарин ҳадафҳои дар масири рушду инкишоф, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва татбиқи ташаббусҳои бузурги созандагиву ояндасозиҳо, ба натиҷаҳои беназир ноил шуда истодаем.
Мояи саодатмандиву ҳам ифтихори мо тоҷикистониён аст, ки роҳбарияти олии кишварамон бо дарки ин нукта, ки устуворӣ ва ҷовидонии Истиқлолият натанҳо аз иқтидори иқтисодиву нуфузи сиёсӣ, балкӣ аз сатҳи саводмандиву маърифатнокии ҷомеа вобастагӣ дорад, дар пешбурди давлатдорӣ пеш аз ҳама, ба рушди илму маориф ва муҳайё намудани шароиту имкониятҳои мусоид ҷиҳати илму ҳунаромӯзии насли ояндаи кишвар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Чуноне, ки Президенти маҳбуби кишварамон зимни суханронии хеш дар Рӯзи Дониш изҳор доштанд; “Маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва сулҳу суботи комили кишварамон мо барои муҳайё кардани шароити беҳтарини таҳсил ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи кӯдакон ва наврасону ҷавонон корҳои азимро ба сомон расонида истодаем. Ифтитоҳи бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии самараи истиқлоли давлатӣ ва фазои орому осоиштаи кишварамон мебошад. Дар маҷмуъ, тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 4135 бинои муассисаи таълимӣ бо 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 8,4 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст”.
Имрӯз ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мардумони он дар арсаи ҷаҳон ба унвони миллати фарҳангиву тамаддунофар ва таҳаммулгарову ваҳдатсаро муаррифӣ шудааст, моро мебояд фарзандонро дар руҳияи арзишҳои муқададсе тарбия бинмоем, ки онҳо илму маърифат, китобу дигар арзишҳои маънавиро чароғи роҳнамои зиндагӣ ва сарчашмаи пешрафту ояндасозиҳо дар меҳани хеш бидонанд. Биноан, ба хотири он ки насли саодатманди кишварамон монои ниёгони ҷаҳонгири хеш бо қудрати хирад ва илму дониш дар пешрафту шукуфоии ҷаҳон ва саодати аҳли башар саҳмгузор бошанд, мебояд, ки Паёму дастурҳои ояндасози Пешвои миллатро сармашқи кору зиндагии хеш қарор дода, дар рушду нумуи минбаъдаи соҳаи маориф, таълиму тарбияи насли ояндаи Тоҷикистон ҳиссаи арзандаи худро гузошта бошем. Чаро ки аз саодати соҳибистиқлолӣ баҳра бурдан танҳо истифода аз имкониятҳои фароҳамомада нест, балки дар назди халқу Ватан ва наслҳои ояндаи он масъулияти ватандорӣ доштан аст.
Ин ҳама имкониятҳои бузурги таърихӣ барои халқи Тоҷикистон, ки роҳи рушду пешрафти давлату ҷомеаро мустақилона муайян ва арзишҳои фарҳангии худро ҳифз ва барои оламиён муаррифӣ намуда, дар шоҳроҳи амалӣ намудани орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллӣ ва татбиқи ҳадафҳои давлатдорӣ қадамҳои устувор гузошта истодаанд, месазад то ин ҳама дастовардҳои даврони таърихсозӣ, ки самараи саъю талош ва заҳмати созандаи миллат арзёбӣ мегардад, ҳамчун мероси арзишманди миллӣ ҳифз ва барои ояндагони мо боқӣ бимонад.
Мусаллам аст, ки пойдориву ҷовидонии Истиқлоли давлат аз сатҳи ҳуқуқшиносӣ маъриафти сиёсиву ҳуқуқӣ ва сатҳи саводнокиву саъйи илмандӯзӣ ва ҳисси ватандӯстӣ насли имрӯзу ояндаи мо вобастагӣ дорад. Мо, мардуми тамаддунофари тоҷик, ки Истиқлоли хешро натанҳо дастоварди таърихӣ, балки, ҳамчун амонати муқаддас барои наслҳои оянда мешуморем, бояд саъю талош ба хотири таҳкими ваҳдати милӣ, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва тарбияи насли донишманду масъулиятшиносро рисолати ҳаётии хеш бишуморем.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи нақша чорабиниҳо ба истиқболи арзанда аз ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвари азизамон корҳои азими бунёдкорӣ анҷом ёфта, дар баробари сохтмону азнавсозӣ роҳу пулҳо, корхонаву иншооти гуногуни хизматрасонӣ, ҳамзамон, садҳо муассисаҳои таълимии замонавӣ, боғчаҳои кӯдаконаву дигар иншооти соҳаи маориф бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин амали хайру иқдомҳои ватандӯстонаи мардуми маорифпарвар, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номуси меҳани азизамон саҳми арзанда гузоштаанд ва итминони комил меравад, ки ҷомеаи саодатёри мо минбаъд низ бо ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат эстафетаи корҳои ободониву созандагиро ба хотири ояндаи дурахшони Тоҷикистон идома хоҳанд дод. Зеро соҳибистиқлоли барои мо тоҷикистониён неъмати бузурги таърихӣ аст, ки онро гузаштагонамон ҳазорсолаҳо орзу мекарданд. Аз ин лиҳоз, дарк намудани арзишмандии давлати соҳибистиқлол доштан моро водор менамояд, ки ин хушбахтиву саодати миллӣ ва сулҳу осоиштагии Тоҷикистони азизамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, дар раванди минбаъдаи рушду ободонии Ватан, таҳкими пояҳои давлатдорӣ масъулиятшинос бошем. Зеро рисолату масъулияти ватандорӣӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳз аз ин арзишҳо ҳифзи дастовардҳои аҳди Истиқлоли кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани маърифатнокии сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа ва саҳмгузорӣ дар рушди илму маориф ва раванди таълиму тарбияи насли саводманд ва худогоҳу ватандӯст оғоз меёбад.
Нурализода Наргис, муовини ректор оид ба тарбияи ДДБ ба номи Носири Хусрав
