
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули асосҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва иҷтимоии давлатдории миллӣ имкониятҳои нав фароҳам овард. Яке аз самтҳои муҳими ин раванд таъсис ва рушди низоми мустақили бонкӣ мебошад. Низоми бонкӣ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи бахши молиявӣ дар татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, миёнаравии молиявӣ, сафарбар намудани пасандозҳо ва равона кардани захираҳои молиявӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт нақши калидӣ дорад. Бонки миллии Тоҷикистон низоми бонкиро яке аз бахшҳои асосии молиявии кишвар арзёбӣ намуда, вазифаи муҳими онро ҷалби захираҳои пулии озод ва равона намудани онҳо тавассути қарздиҳӣ ба субъектҳои иқтисодӣ медонад.
Дар давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ низоми бонкии Тоҷикистон марҳилаҳои мураккаби ташаккул, ислоҳот ва такмилро аз сар гузаронидааст. Таъсиси заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ, ташаккули Бонки миллии Тоҷикистон, ҷорӣ намудани пули миллӣ, рушди ташкилотҳои қарзӣ, такмили низоми пардохт ва гузариш ба технологияҳои рақамӣ аз муҳимтарин равандҳои ин давра мебошанд.
Дар солҳои аввали Истиқлолият Тоҷикистон ба таъсиси низоми мустақили бонкӣ ва молиявӣ ниёз дошт. Гузариш аз низоми марказонидашудаи иқтисодӣ ба муносибатҳои бозорӣ зарурати ташкили механизмҳои нави молиявӣ ва қарзиро ба миён овард. Дар ин марҳила қонунгузории соҳавӣ тадриҷан ташаккул ёфт. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» аз соли 1998 яке аз санадҳои муҳими давраи аввали ташаккули низоми ҳуқуқии бонкӣ буд. Баъдан заминаи ҳуқуқии соҳа такмил ёфта, қонунҳои нав қабул гардиданд. Қонуни «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» аз соли 2009 ва қонунҳои минбаъда асосҳои ҳуқуқию ташкилии фаъолияти бонкиро муайян намуданд.
Ҳамин тавр, дар солҳои аввали истиқлолият заминаҳои асосии ташаккули низоми миллии бонкӣ гузошта шуданд. Мақсади асосӣ фароҳам овардани низоми муосири танзими пул, қарз ва ҳисоббаробаркунӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти бонкҳо ба талаботи иқтисоди бозорӣ буд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи иқтисодии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ташаккули низоми пулии миллӣ мебошад. Ислоҳоти пулӣ дар солҳои 1995 ва 2000 ба амал омада, дар соли 2000 Тоҷикистон соҳиби пули миллӣ — сомонӣ гардид. Аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ҷорӣ намудани сомонӣ барои таҳкими истиқлолияти иқтисодию молиявии давлат аҳамияти калон дошт. Пули миллӣ ҳамчун воситаи асосии пардохт барои татбиқи сиёсати мустақили пулию қарзӣ, танзими гардиши пул ва рушди муносибатҳои молиявӣ заминаи муҳим фароҳам овард.
Нақши пули миллӣ танҳо бо вазифаи воситаи пардохт маҳдуд намешавад. Устувории он ба эътимоди аҳолӣ ба низоми молиявӣ, фаъолияти муассисаҳои қарзӣ ва вазъи умумии иқтисодӣ таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, таҳкими низоми пули миллӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон гардид.
Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа ва мазмуни баланди миллӣ-ватандӯстиро ба муомилот баровард. Тарҳи тангаҳои хотиравии ҷашнӣ дар баробари арзиши нумизматӣ, инчунин ба таври рамзӣ роҳи тайкардаи кишварро дар даврони соҳибистиқлолӣ таҷассум намуда, ба арзишҳои муҳимми давлатдорӣ ва ҳадафҳои рушди минбаъда ишора мекунанд.
Дар давоми соҳибистиқлолӣ шумора ва шаклҳои фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ тағйир ёфта, низоми бонкӣ тадриҷан ба сохтори муосир табдил ёфт. Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, низоми бонкии кишвар дузинагӣ мебошад: зинаи болоиро Бонки миллии Тоҷикистон ва зинаи поёниро ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд ташкил медиҳанд.
Рушди соҳаи бонкдорӣ бе ташаккули заминаи мукаммали ҳуқуқӣ имконнопазир аст. Дар давраи Истиқлолият қонунгузории бонкӣ пайваста такмил дода шуд. Имрӯз асоси қонунгузории бонкии Тоҷикистонро Қонунҳо «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», « Фаъолияти бонкӣ», «Танзими асъор ва назорати асъор», « Ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Суғуртаи амонат ва пасандозҳо» ва дигар санадҳои соҳавӣ ташкил медиҳанд. Дар баробари бонкдории анъанавӣ, дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии фаъолияти бонкии исломӣ низ ташаккул ёфт. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» асосҳои ҳуқуқию ташкилии ин самти хизматрасонии молиявиро муайян намуда, барои рушди он шароити ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Яке аз самтҳои назарраси рушди соҳаи бонкдорӣ дар солҳои охир густариши хизматрасониҳои муосири молиявӣ мебошад. Дар баробари хизматрасониҳои анъанавӣ, ба монанди кушодани суратҳисоб, қабул намудани пасандоз ва пешниҳоди қарз, хизматрасониҳои электронӣ ва рақамӣ низ аҳамияти бештар пайдо кардаанд. Кортҳои пардохтӣ, банкоматҳо, терминалҳои электронӣ ва хизматрасониҳои интернетию мобилии бонкӣ ба як қисми муҳими инфрасохтори молиявӣ табдил ёфтаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 30 июни соли 2026 дар маҷмӯъ 69 адад ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 18 адад бонки анъанавӣ, 1 адад бонки исломӣ, 27 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 2 адад ташкилоти қарзии хурд ва 21 адад фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.
Рушди бозори кортҳои пардохтии бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз омилҳои муҳимтарин дар ҳалли масъалаи рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҷиҳати коҳиш додани ҳаҷми пули нақд дар муомилот мебошад. Аз ин сабаб, Бонки миллии Тоҷикистон ба рушди низоми пардохтӣ таваҷҷуҳи хос дода, ташкили фаъолияти низоми самараноку боэътимоди пардохтӣ, клиринг, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳои пулиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад, фаъолияти онҳоро танзим ва назорат менамояд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ то санаи 30 июни соли 2026 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 26 ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ 12,4 млн адад кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин санаи соли 2024 ба андозаи 20,5 фоиз зиёд мебошад.
Густариши пардохтҳои ғайринақдӣ метавонад суръати ҳисоббаробаркуниро баланд бардошта, барои шаффофияти гардиши маблағҳо ва рушди иқтисоди рақамӣ имкониятҳои бештар фароҳам созад. Дар ин замина рушди низоми пардохт яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад
Дар марҳилаи муосир рақамикунонӣ яке аз омилҳои асосии тағйирдиҳандаи фаъолияти бонкҳо мебошад. Технологияҳои рақамӣ имкон медиҳанд, ки қисми зиёди хизматрасониҳои молиявӣ бе ташрифи муштарӣ ба филиали бонк анҷом дода шаванд. Хизматрасониҳои мобилӣ, пардохтҳои электронӣ ва дигар воситаҳои рақамӣ дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявиро беҳтар мекунанд. Ин раванд махсусан барои рушди фарогирии молиявӣ аҳамияти калон дорад.
Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуда истодааст. Бояд гуфт, ки дар ин самт, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» (аз 22 июни соли 2023, таҳти N586) ба тасвиб расидааст, ки дар асоси он, пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин, қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар солҳои минбаъда рушди соҳаи бонкдорӣ бояд ба истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва таҳкими устувории молиявӣ равона карда шавад.
Яке аз самтҳои муҳим рушди минбаъдаи бонкдории рақамӣ мебошад. Бонкҳо метавонанд тавассути технологияҳои муосир хизматрасониҳоро зудтар, қулайтар ва дастрастар гардонанд. Дар давоми 35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи бонкдорӣ роҳи ташаккул ва рушди пайвастаро тай намуд. Дар ин давра заминаҳои ҳуқуқии низоми бонкии миллӣ ташаккул ёфта, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми асосии танзим ва назорати низоми бонкӣ нақши муҳим касб намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид. Дар оянда рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ, рушди пардохтҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявӣ, тавсеаи фарогирии молиявӣ, беҳтар намудани дастрасии соҳибкорон ба маблағгузорӣ ва таҳкими устувории молиявӣ бояд самтҳои асосии рушди соҳа бошанд.
Ҳамин тариқ, рушди соҳаи бонкдорӣ дар 35 соли Истиқлолияти давлатӣ яке аз бахшҳои муҳими пешрафти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, такмили минбаъдаи он барои таҳкими иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди устувори кишвар аҳамияти стратегӣ дорад.
Ф. Хайрзода, омӯзгори кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
