
Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик дар даврони муосир ба ҳисоб меравад. Расидан ба истиқлол ба халқи тоҷик имкон фароҳам овард, ки соҳибдавлатии худро таҳким бахшида, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва давлати мустақил мақоми шоистаи худро пайдо намояд.
Дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон роҳи пурпечутобу пуршарафи давлатсозиро тай намуда, ба дастовардҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид. Дар меҳвари ин раванд ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва таъмини амнияти кишвар қарор дорад.
Маҳз сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати миллӣ барои ташаккули ниҳодҳои муосири давлатӣ, аз ҷумла Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, заминаи устувор фароҳам овард. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун сипари боэътимоди давлат ва кафили ҳифзи марзу буми Ватан дар таҳкими амнияти миллӣ нақши муҳим доранд.
Паради ҳарбӣ, пеш аз ҳама, таҷассуми тавоноии давлат, омодагии ҷангии Артиши миллӣ, интизоми баланди хизматчиёни ҳарбӣ ва садоқати онҳо ба савганди ҳарбӣ мебошад. Қадамҳои устувори сарбозону афсарон, техникаи муосири ҳарбӣ ва намоиши маҳорати низомӣ дар ин чорабинии бошукӯҳ ба ҷаҳониён паёми равшан медиҳад: Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, соҳибқудрат ва дорои неруҳои тавоно мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии хизматчиёни ҳарбӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ин ғамхориҳо барои боз ҳам тақвият ёфтани иқтидори мудофиавии мамлакат ва баланд гардидани ҳисси масъулияти ватандӯстонаи ҷавонон заминаи муҳим фароҳам овардаанд.
Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки таҳдиду хатарҳои гуногун, низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб ба амнияти давлатҳо таъсир мерасонанд, доштани Қувваҳои Мусаллаҳи пуриқтидор ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи боэътимод аҳаммияти ниҳоят муҳим дорад. Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа масъулияти муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Паради ҳарбӣ дар Душанбе на танҳо як чорабинии тантанавӣ, балки мактаби бузурги худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ мебошад. Он ба насли ҷавон нишон медиҳад, ки Ватан арзиши муқаддас аст ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият вазифаи ҳар як фарди худшиносу худогоҳ мебошад.
Имрӯз ҳар қадами низомиён, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сарбозону афсарон дар майдони Истиқлол гӯё садои қадамҳои таърихи соҳибистиқлолии кишвар аст. Ҳар парчаме, ки парафшон мешавад, рамзи давлатдории миллӣ ва ҳар як сафороии низомӣ далели он аст, ки истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон танҳо як мафҳуми сиёсӣ нест, балки арзиши муқаддаси миллӣ ва заминаи зиндагии шоистаи имрӯза ва фардои кишвар мебошад.
Зиҳӣ, Истиқлоли давлатӣ! Зиҳӣ, Ваҳдати миллӣ! Зиҳӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва неруҳои ҳифзи ҳуқуқ! Зиҳӣ, миллати соҳибтамаддуну соҳибистиқлоли тоҷик!
Пойдору устувор бод Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишвар!
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамдиёрони арҷманд!
Сангимурод Шарипов, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
