Дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-071-и назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳимояи рисолаи номзадии Назарзода Абдузоир Жуманазар, унвонҷӯи кафедраи методикаи таълими фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дар мавзуи “Методикаи баланд бардоштани сифати дониши хонандагон аз фанни химия бо ёрии маводҳои дидактикии ёрирасон”, зери роҳбарии Холназаров Санг – доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи методикаи таълими фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав доир гардид.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3.4. Назария ва методикаи таълиму тарбия (5.3.4.4. Назария ва методикаи таълими химия (таҳсилоти миёнаи умумӣ)) пешбинӣ мешавад.
