Дар факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили навбатии «Махзани илм» баргузор гардид.
Дар маҳфил Назарова Давлатбӣ, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ (русӣ), дар мавзуи «Бозиҳои дидактикӣ» маърӯза пешниҳод кард.
Сипас, Шомамадова Дурахшон, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ, дар мавзуи «Намудҳои зӯроварӣ ва беэътимодӣ нисбат ба кӯдак» маърӯза намуд.

