Дар факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили навбатии илмӣ-амалии назди кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ таҳти унвони «Омӯзгорони ҷавон» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ декани факултети забонҳои хориҷӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарифзода Баҳром Абдуалӣ, муовини декан оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои филологӣ Ҳамроев Қурбоназар ва як қатор омӯзгорони факултет иштирок намуданд.
Зимни баргузории маҳфил донишҷӯён бо забони чинӣ баромад намуда, маҳорати забондонӣ, қобилияти муошират ва сатҳи азхудкунии донишҳои назариявию амалии худро ба намоиш гузоштанд. Ҳамзамон, бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим, барномаҳои гуногуни омӯзишӣ, саволу ҷавоб ва муаррифии мавзуъҳои фарҳангӣ иштирокчиён доир ба хусусиятҳои забон, фарҳанг ва тамаддуни Чин маълумоти ҷолибу судманд ба даст оварданд.
Зикр гардид, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони чинӣ, дар шароити густариши робитаҳои байналмилалӣ аҳамияти махсус дошта, барои фароҳам овардани имкониятҳои нави таҳсил, фаъолияти касбӣ, табодули фарҳангӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ мусоидат менамояд.

