Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди қабули ин санади тақдирсоз дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ бо ташаббуси кафедраи фаъолияти гумуркӣ, мизи мудаввар таҳти унвони «Конститутсия – шаҳодатномаи миллат ва давлати соҳибихтиёр» баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинии мазкур ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён, таҳкими эҳтиром ба Конститутсия, тарғиби арзишҳои миллӣ, худшиносии шаҳрвандӣ ва шарҳу тавзеҳи нақши Конститутсия дар ташаккул ва рушди давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон мебошад.
Дар қисми асосии мизи мудаввар масъалаҳои муҳимми марбут ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои давлати соҳибистиқлол, кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва аҳаммияти Конститутсия дар низоми давлатдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

