Имрӯз дар назди кафедраи географияи иқтисодӣ ва методикаи таълими география маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони «Географони ҷавон» баргузор гардид.
Дар қисмати асосии маҳфил донишҷӯи курси дуюми ихтисоси география ва асосҳои иқтисодиёт Шералиев Муҳаммад бо маърӯза баромад намуда, доир ба масъалаҳои марбут ба соҳаи география ва аҳаммияти омӯзиши он андешаронӣ кард.
Зимни баргузории маҳфил иштирокчиён атрофи масъалаҳои мавриди баррасӣ мубодилаи афкор намуда, ба аҳаммияти омӯзиши амиқи илми география, густариши ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби донишҷӯён ба корҳои таҳқиқотӣ таъкид карданд.

