Шоми имрӯз дар хобгоҳи минтақаи «Дӯстии халқҳо»-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади бошукӯҳи сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, гиромидошти Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар байни донишҷӯён доир карда шуд.
Зимни ҷамъомад иштирокдорон оид ба аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, нақши он дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва бунёди давлатдории навини тоҷикон ибрози андеша намуданд.
Таъкид гардид, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи тақдирсоз буда, барои муайян намудани роҳи минбаъдаи рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи устувор гузошт. Инчунин, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа махсус зикр карда шуд.
Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён бо қироати шеърҳои ватандӯстона, пешниҳоди барномаҳои фарҳангӣ ва суруду таронаҳои миллӣ ба ҷамъомад шукуҳу шаҳомати хосса бахшиданд.

