Сухани табрикии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Устодони арҷманд ва шогирдони азиз!
Дар Рӯзи Президент беихтиёр шахсияти таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рањмон ва заҳматҳои бузурги ӯ дар роҳи наҷоти давлату миллат пеши рӯй меоянд.
Баробари пайки Истиқлол Худованд ба халқи мо Сарвареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид намуда, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима бахшад. Ин шахсияти таърихї Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бо боварӣ ва итминони комил метавон гуфт, ки хизматҳову саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эъмори давлати нави соҳибистиқлол дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар хотираи халқамон як умр боқӣ хоҳад монд, зеро Пешвои миллат дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузургу тақдирсоз намудааст.
Ҳар нафаре, ки сарнавишти печидаи халқи тоҷикро медонад, дар паҳлуи ин шахсияти худодод фаъолият карда, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва созандаи ӯро мебинад, хуб эҳсос менамояд, ки бидуни муболиға, ҳанӯз мо на ҳамаи воқеият ва дурнамои амалҳои ин симои таърихиро дарк намудаем.
Вақте ки соли 1992 роҳбарии кишварро ба души ҷавоне чун Эмомалӣ Раҳмон вогузор намуданд, гӯё ӯро миёни гирдоби воқеаҳои сиёсӣ танҳо гузоштанд, зеро миллат дар ҳолати парешонї ва нестшавӣ қарор дошт. Тамоми мулкро камондорон идора мекарданд. Ҳама мансабдорон гӯшаи орому тинҷ меҷўстанд. Ҳамсафаре, роҳбаре, як нафар сарсупурдаи миллатро ёфтан душвор буд.
Дар ин айём Эмомалӣ Раҳмон идораи кишварро ба даст гирифта, батадриҷ бародарони ҳамфикру ҳамдил, мардуми далеру ҷасурро дар атрофаш ҷамъ намуд ва барои татбиқи нақшаву ниятҳо, ормонҳои беҳсозандаи рӯзгори халқи баҳоргумкарда талош варзид. вале ҳалли мушкилоти дигар пеш омад. Бадхоҳони дохиливу хориҷии миллат иғво бардошта, фарёд мезаданд, ки раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вакилони дастнигар интихоб кардаанд, на мардум. Бинобар ин, интихоботи Президенти мамлакатро аз нав эълон намуданд.
Хушбахтона, мардуми бохирад аз миёни довталабони ин мансаб ӯро пазируфтанд. Ин боварии мардум ба вай мадор бахшид ва ӯ аз пайи хомӯш сохтани оташи ҷанг шуд. Азбаски халқ пуштибонаш буду нияташ нек, бо сафари нахустинаш аз Хосдеҳи Афғонистон паёми сулҳу сафоро овард. Садои даҳшатангези тир дар сарзамини тоҷикон хомӯш гардид. Хираду анъанаи ҷангбезорию сулҳсолории мардуми тоҷик ғолиб омад ва созишномаи сулҳу суботи кишвар 27-уми июни соли 1997 ба имзо расид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои наҷиби касбӣ, роҳбарӣ ва болотар аз ҳама инсонии хеш маҳбуби мардуми кишвар гардид.
Бесабаб нест, ки халқи шарафманди тоҷик дар симои Президент, пеш аз ҳама пуштибони мардум, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили Истиқлоли миллӣ, муаррифгари таъриху тамаддуни ниёгон ва амалисозандаи орзуву амали худ – Пешвои миллатро ёфтааст.
Имрӯзҳо ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ эътимоди комил дорад, ки сиёсати хирадмандонаи ӯ ба манфиати ҳар як фарди ҷомеаи мо аст. Сиёсати созандаи Сарвари муаззами кишвар фақат барои ободонӣ, некуаҳволӣ ва таъмини шароити шоистаи зиндагӣ барои ҳар як сокини мамлакат, таҳкими давлати соҳибистиқлолу куҳанбунёд равона шудааст.
Хизматҳое, ки Пешвои миллат назди ин миллату кишвар анҷом додаанд, барои мардум чун нурҳои офтоб рўшан мебошанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханронияшон такя бар мардум доштанашонро изҳор медоранд ва шукри ин сарзамину ин халқро ба ҷо меоранд. Аз ин хислату амалҳои шоистаи ӯ мардуми тоҷик рӯҳу илҳом гирифта, шукри ободиву озодии Тоҷикистони азиз ва ин марди худодод менамоянд.
Раванди имрӯзаи ҷаҳонишавӣ собит месозад, ки аз мухолифат кишварҳои бузург пора мешаванд ва аз ваҳдат кишварҳои хурд ташаккул меёбанд. Дар ин раванд, ватандӯстӣ, муҳаббат ба Пешво, ваҳдат ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ба идеяи миллии мо табдил ёфтааст, ки аз он болотар дастоварду силоҳе нест.
Эҳсоси ин ҳама неъмат аз як тараф, агар боиси хушбахтӣ бошад, аз ҷониби дигар, масъулият аст. Яъне, ин ҳама ғамхорӣ ва ҷоннисории Сарвари давлатамон барои мо кормандони соҳаи маориф, ки ворисони ин марзу буми аҷдодӣ ва ояндасозони Тоҷикистони азиз ҳастем, дарси ибрат аст. Маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаи хеш ба соҳаи маориф афзалият бахшида, пайваста таъкид медоранд, ки “Маориф неруи тавонову пешбари кишвар аст ва имрӯзу фардои мамлакатамон ба он алоқаи ногусастанию қавӣ дорад”.
Ин чунин маънӣ дорад, ки давлат охирин имкониятҳои хешро ба инкишофу ривоҷи ҳамаҷонибаи таълиму тарбияи шаҳрвандони бомаърифату огоҳ, ватанпарасту инсонпарвар мебахшад. Фарзанди фарзонаи миллати мо, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама, рӯ ба маърифати мардум, худогоҳии шаҳрвандон оварда, мактабро қасри нуру зиё, муаллимонро чароғи маърифат меҳисобанд.
Дастгирӣ ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат эҳсоси масъулиятшиносии мо омӯзгоронро таҳким бахшида, ҳар яки моро водор менамояд, ки бо неруи хастанопазир шахсиятҳоеро тарбия намоем, ки бо донишу саводи мукаммал воқеан мутахассиси арзандаи замон бошанд ва дар радифи бунёдгузорони тамаддуни ҷадид қарор дошта бошанд.
Бо ин таманиёти нек Рӯзи Президентро, ки рамзи сулҳу ваҳдати миллӣ, ватану ватандорист ба тамоми устодону донишҷўён табрик гуфта, орзуи онро менамоем, ки ҷавонони боору номус, худшиносу худогоҳ ва соҳибмаърифати кишвар баҳри ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол дучанд фаъолият намоянд, комилтар таҳсил намуда, натиҷаҳои меҳнатиро дар ҳамаи самтҳои давлатдорӣ тақвияту густариш бахшанд ва дар ободии кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Бигзор, имсол бештар аз солҳои дигар таълиму тадрис, ки василаи беҳтарини худшиносӣ, ваҳдатдӯстию рафоқат, муҳаббат ба Ватан ва дигар арзишҳои умумиинсонӣ ба шумор меравад, дар фаъолияти гуногунпаҳлуи Шумо ба муваффақиятҳову комёбиҳо тавъам гардад.
Рўзи Президент муборак!
