Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент озмуни ҷумҳуриявии «Идоракунии давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» баргузор гардид. Дар ин озмун аз донишгоҳ донишҷӯёни аз фанҳои сиёсатшиносӣ, геополитика, ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи конститутсионӣ, идораи давлатии иқтисод ва назарияи иқтисодӣ иштироки фаъолона намуданд.
Дар даври ниҳоии озмун Ҳусейнов Ҳикматулло, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ аз фанни геополитика ҷойи дуюм, Ҳалимзода Муҳаммад, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси кори бонк аз фанни назарияи иқтисодӣ ҷойи дуюм ва Хоҷаева Нигора, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ, аз фанни сиёсатшиносӣ ба гирифтани ҷойи ифтихорӣ мушарраф гардиданд.

