Бо ташаббуси кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳӣ миззи мудаввар бахшида ба рӯзи умумӣ ҷаҳони сайёҳӣ ки ҳамасола санаи 27 сентябр ҷашн гирифта мешавад гузаронида шуд.
Дар миззи мудаввар сардори раёсати илм ва инноватсия дотсент Нориён Фирдавс баромад намуд.
Сипас, мутобиқи барнома дотсенти кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳӣ Муродов М.Х., дар мавзуи “Эко туризм баромад намуда вобаста ба масъалаи эко туризм дар кишвар” маълумоти мушаххас ироа намуданд.
Ҳамчунин омӯзгори кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳӣ Бобохонов Олим дар мавзуи “Туризми экологӣ омили мӯҳими рушди иқтисодӣ миллӣ” бо маърузаи илмӣ намуданд.
Илова бар ин мудири кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳӣ дотсент Наимзода Бекмурод вобаста ба инфрасохтори рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби гардишгарони хориҷӣ ва ба ин васила ташкили ҷойҳои кории холи ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ андешаронӣ кард.

